Субҳи имрӯз (14.12.2024) дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Шуъбаи кор бо ҷавонон ва факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар доираи дастуру супориши роҳбарияти Донишгоҳ ва нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо иштироки устодону донишҷӯён ва кормандони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ гузаронида мешавад.