ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

7

Бо мақсади татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 миёниустодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ, ки бо иштироки мутахассисони соҳа — Шарифзода Ҷ., Сатторзода С. ва Мирзоахмедов Ф. сурат гирифт, миёни устодон ва донишҷӯён масъалаҳои марбут ба хатарҳои экстремизм ва терроризм, роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мақсади асосии баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳо тақвият бахшидани андешаи солим дар ҷомеа, махсусан дар миёни ҷавонон ва ташаккули масъулияти иҷтимоӣ ҷиҳати ҳифзи амният ва суботи миллӣ ба ҳисоб меравад.

Чунин тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ бо шеваи фарогир ва пайваста дар дигар сохтору воҳидҳои таълимӣ идома хоҳанд ёфт.