ВОХӮРИИ СУДМАНД: БАРОИ РУШДИ ҶАҲОНБИНИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН

124

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии навбатӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ муаррифии нақши зан дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии духтарон, инчунин, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз буд.Дар рафти вохӯрӣ масъулони бахш доир ба мавзуъҳои зерин суханронӣ намуданд:

  • Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва худшиносии миллӣ дар миёни духтарон;
  • Нақши зан дар рушди илм, фарҳанг ва сиёсат;
  • Мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз қабили зӯроварии хонаводагӣ ва таҳдидҳои ахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • Огоҳии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии донишҷӯдухтаро