САЙҚАЛ ДОДАНИ ДОНИШҲОИ НАЗАРИЯВИЮ АМАЛӢ

36

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар асоси дархости Институти забони русии Донишгоҳи мазкур омӯзгори факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Асозода Ҳусайнӣ айни замон дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин қарор дошта, барои донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси забони тоҷикӣ аз фани тарҷумаи забони чинӣ – тоҷикӣ дарс мегӯяд.

Гуфта мешавад, ки чунин иқдом дар самти сайқал додани донишҳои назариявию амалӣ мусоидат менамояд.

Суратгузориш аз рафти дарсҳо: