
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Донишгоҳ дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо вохӯрию суҳбатҳои судманд бо донишҷӯён баргузор гардиданд.
Дар вохӯрии мазкур роҳбари гурӯҳи корӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. бо донишҷӯё мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла хатари паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, нақши ҷавононро дар пешгирии чунин падидаҳои номатлуб таъкид карданд.