ҶАҲОН, КАМОЛ ВА АНДЕШАИ ЗОЁИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

160

Имрӯз (28.09.2022 соати 14:00) дар кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Ҷаҳон, камол ва андешаи зоёи Ҷалолиддини Балхӣ», баргузор гардид.

Мудири кафедраи филологияи Эрон профессор Сафаров У. Р. ҳозиринро хайрамакадам гуфта, аҳли нишастро ба мазмуну муҳтавои маҳфил шинос карданд.

Сипас, суханрониҳои зерин аз ҷониби ҳозирин шунида шуд: Худшиносӣ оғози ҳамагуна шинохтҳо (дар заминаи пиндорҳои Ҷалолиддини Балхӣ). Сухангӯ: номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи филологияи Эрон, муовини декан оид ба илми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Абдулҳадов Ҷ.З.; Илму ҳикмат аз нигоҳи Мавлоно. Сухангӯ: ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факлутети филологияи ДМТ Имомов А.Н. ва Андешаҳои Ҷалолиддини Балхӣ перомуни иснон. Сухангӯ: доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Сафаров У. Р. Ба дурустӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо нуру зиё ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад.

smart