АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ТАҒЙИРИ АЛИФБО ДАР ТОҶИКИСТОН (АЗ ФОРСӢ БА ЛОТИНӢ)

183

Охири солҳои 20 ва аввали солҳои 30-юми асри гузашта дар таърихи забони тоҷикӣ ҳодисаҳое ба вуқуъ пайвастанд, ки баҳсу мунозира дар атрофи суду зиёни онҳо то рӯзгорони мо ҳамчунон идома дорад. Ин ҳодисаҳо иборат буданд аз табдили алифбои анъанавии тоҷикон (арабӣ) ба лотинӣ, таҳия ва танзими имлои нав, таъини чигунагии забони адабии тоҷикӣ, афзоиши нақши матбуот ва тарҷума, таъсири забони русӣ ва амсоли он. Бояд гуфт, ки ин рӯйдодҳо ва сиёсати фарҳангие, ки дар он солҳо амалӣ гардид ва қарору тасмимоти расмие, ки дар ин замина қабул шуд, сипас дар рушду такомули минбаъдаи забони ҳозираи тоҷик ва ташаккули бахши истилоҳгузинии он нақши бағоят муҳим ва гоҳҳо ҳалкунанда бозиданд. Муҳаққиқони забоншинос ба хубӣ огоҳанд, ки ҷунбиши табдили алифбои арабӣ дар оғози қарни XX дар бисёр кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла Қафқозу Осиёи Миёна ва ҳатто Эрон доман густурда буд. Махсусан пас аз табдили алифбои арабӣ ба лотинӣ дар Туркия, ки дар марзи Осиё ва Аврупо қарор дошт ва нисбат ба соири кишварҳои шарқӣ пештар бо мамолики Ғарб ва маорифу маданияти ҷадид тамос ҳосил карда буд, ин ҷунбиш қуввати бештар гирифт. Дар натиҷа баъди Инқилоби Октябр аз соли 1922 сар карда Ҷумҳурии Озарбойҷон, тоторҳои Русия ва каме дертар аксарияти ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна низ ба алифбои лотинӣ гузаштанд. Ба таври расмӣ ҳадафи асосии табдили алифбо дар он буд, ки «…дар байни оммаи меҳнаткаши миллатҳои ҶСШ Тоҷикистон, ки пеш аз ин хату саводи арабиро доштанд, ё ки умуман савод надоштанд, алифбои нави лотинонидашударо ҳамчун аслиҳаи пурқуввати инқилоби маданӣ ҷорӣ ва мустаҳкам намояд ва ба ҳамин восита дар муддатҳои кутоҳтарин баланд бардоштани дараҷаи дониши мадании оммаи меҳнаткашон ва ҳамроҳ карда шудани онҳоро ба маданияти сотсиалистӣ таъмин намояд» («Тоҷикистони Сурх», 5 августи соли 1933). Дар мавриди ангеза ва оқибатҳои табдили алифбои суннатии тоҷикон (арабӣ) дар адабиёт андешаҳои гуногун баён шудааст, ки аз доираи мавзуи баҳси мо хориҷанд. Вале як далеле, ки дар он солҳо ва баъди он бештар маълум гаштааст, қобили ёдоварист. Пайравони ин андеша бар онанд, ки шуроҳо ё коммунистҳо бо табдили алифбо мехостанд миллатҳои мусулмон таҳти тасаллути худро аз фарҳанг, албатта, аз дини гузаштаи хеш ҷудо карда, идея ва идеалҳои сотсиализмро бад-ин васила осонтар ба онҳо таҳмил кунанд. Масалан, маҷаллаи «Роҳбари дониш» дар он солҳо навишта буд, ки имрӯзҳо дар байни аҳолӣ чунин андешаҳо паҳн шудааст, ки «урусҳо барои аз ёди мусулмонон баровардани Қуръон алифбои арабиро барҳам дода ва алифбои худашонро дар Шарқ ҷорӣ мекунанд» («Роҳбари дониш», 1929, №7).

Ба назари мо дар ин замина тахминҳо ва фарзияҳои дигаре ҳам имконпазир аст. Тавре ки медонем, то имрӯз дар баъзе доираҳои идеологӣ ва сиёсии мамолики Ғарб ақидае муравваҷ аст, ки гӯё сабаби ақибмондагии кишварҳои мусулмони Шарқ дини мубини ислом ва хатти арабӣ мебошанд. Бинобар ин, вақте ки дар Иттиҳоди Шуравӣ инқилоби маданӣ амалӣ мешуд ва тасмим буд, ки сатҳи саводу фарҳанг ва илму фунуни ҷумҳуриҳои осиёӣ баланд бардошта шавад, шояд дар дастгоҳи олии ҳизбию давлатӣ мафкураи боло таъсир доштааст. Масалан, Комиссари маорифи халқи ҶСШ Тоҷикистон рафиқ Носируф дар мақолаи худ «Ба душманони алифбои нав зарбаи сахт медиҳем» (Тоҷикистони Сурх, № 119, 25 майи соли 1933) чунин гуфта буд: «…Ҳуруфоти арабиро, ки сабаби асирӣ ва ба торикӣ мондани оммаи меҳнаткашон аст, аз байни худамон дур кунем ва аз бех канда партоем».

Аммо дар байни миллатҳои Осиёи Миёна паҳн шудани ин андеша, ба назари мо, бояд сабабҳои дигар дошта бошад, аз ҷумла:
Мусаллам аст, ки дар ибтидо дар байни тоҷикон мубаллиғони ин андеша кам буд. Баръакс, ин ҷунбиш дар байни тоторҳои Русия ва туркзабонони Осиёи Миёнаву Қафқоз ҳаводорони зиёд дошт. Тавре ки гуфтем, ба тақлиди давлати Туркия, ки дар асари ислоҳоти роҳбари ҳаракати миллӣ-буржуазии Туркия ва нахустин президенти ин кишвар Мустафо Камолпошо маъруф ба Камол Отатурк (1880-1938) ба сӯйи таҳаввулоти модиву маданӣ ба шеваи аврупоиҳо гом мебардошт, ақвом ва қабоили туркнажоди Осиёи Миёна, махсусан ҷавонони навсаводи камшумори узбек ин иқдоми Туркияро камоли «хирадмандӣ» ва роҳи дуруст қабул карда, дар фикри табдили алифбои арабӣ афтиданд.

Чунин шефтагӣ ва «ҳамовозии гарму ҷӯшон» бояд ангезаҳои амиқтаре ҳам дошта бошад. Ба гумони мо, ақвоми туркнажод исломият ва алифбои арабиро тартибу танзимшуда тавассути тоҷикон ва забони форсии дарӣ қабул ва дар мутобиқгардонии он ба забони худ заҳмат накашида буданд. Бинобар ин расмулхат барои онҳо бегона ба ҳисоб  мерафт. Гузашта аз он, донишмандон ва шоиру нависандагони асрҳои миёна аз ҳар қавму нажоде, ки буданд, осори худро ба арабӣ ва ё забони форсии дарӣ менавиштанд. Аз ин рӯ, гузаштан ба алифбои лотинӣ барои туркзабонон хавфи қатъи робита бо фарҳанги гузаштаро надошт. Он миқдори ками осор, ки ба забони миллии онҳо аз гузашта боқӣ монда буд, дар андак муддат мумкин буд, ки ба алифбои дигар баргардонда шавад. Вале табдили алифбо барои тоҷикон дар пай оқибатҳои сангин дошт.

Аввал он ки тоҷикон чунон хизмати бузургеро, ки барои интишор ва инкишофи дини мубини ислом анҷом доданд, ба ҳамон андоза нисбат ба алифбои арабӣ хизмат карданд. Пеш аз ҳама, алифбои арабиро бо савтиёт ва нормаҳои сарфиву наҳвии забони  худ  мутобиқ  сохта, барои овозҳои хоси забони форсии дарӣ, ки дар алифбои арабӣ мавҷуд набуданд, ҳарфҳои махсус сохтанд, навъҳои гуногуни хат, аз қабили шикаста, райҳонӣ ва ғайра, ки расмулхати арабӣ имрӯз бо онҳо менозад, ба вуҷуд оварданд. Хулоса, онро ба куллӣ «ҳазм» ва «азхуд» карданд.

Дувум. Барои тоҷикон баргардони он ҳама осори илмӣ, таърихӣ, адабӣ ва ҳазорон дафтару девони шеър, ки аз гузашта ба ин забон мерос монда буд, ба алифбои дигаре аз тасаввур хориҷ аст. Савум. Ҷавононе, ки баъд аз ин дар мактабҳои нав бо алифбои лотинӣ таҳсил мекарданд, аз бисёр манобеи фарҳангии гузашта бехабар мемонданд ва дар натиҷа силсилаи ирсияти фарҳангӣ, ки донишҳои нав ва бозёфтҳои тозаи маънавӣ бояд бар пояи он устувор гардад, канда мешуд, ки оқибати ногувори он бар ҳамагон равшан аст. Чаҳорум. Гурӯҳи муайяни тоҷикони аҳли савод, ки табдили алифборо тарафдорӣ ва ё тақозо мекарданд, аксарияти таҳсилкардагони Туркия ва ё раҳгумоне буданд, ки ҳангоми тақсими худуди миллии Осиёи Миёна ба манфиати халқи тоҷик ва ҳаққи таърихии он хиёнат карданд ва дар мавриди забони тоҷикӣ ва тағйири алифбои он низ ҳамон чеҳраи собиқи худро нишон доданд. Зимнан бояд гуфт, ки баъзеи онҳо дертар иштибоҳоти худро пай бурда, барои Ҷумҳурии мухтор ва баъдтар мустақили Тоҷикистон содиқона хизмат карданд, вале ин замоне буд, ки бисёр чизҳо аллакай аз даст рафта буд. Панҷум, яке аз сабабҳои дигар ҳангоми ҳал кардани ин мавзуъ  бесаводӣ ва дар  натиҷаи он бетафовутии қисмати умдаи мардум ба ин масъала буд. Бояд ба ин ҳақиқати талх иқрор шуд, ки дар остонаи Инқилоби Октябр тоҷикони Осиёи Миёна аз нигоҳи ошноӣ бо донишҳои сиёсӣ ва илмҳои нави  замонавӣ ҳатто аз ҳамсоягони  худ Туркия ва Эрон дар сатҳи пасттар қарор доштанд. Бинобар ин, вақте ки гуфтугузор дар ин мавзуъ оғоз гардид, аксарияти  мардум нисбат ба он бетафовутӣ зоҳир карданд. Яке аз муҳаққиқони рус Сухарёва О.А., ки дар он солҳо (охири солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30) дар баҳсҳо роҷеъ ба забони тоҷикӣ фаъолона иштирок дошт, чанде пас чунин навишта буд: «ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки то як вақт дар газетаҳо, маҷаллаҳо ва нашриётҳо зиёдтар рафиқони эрониҳо кор мекарданд. Коркунони тоҷик он вақт (аввали солҳои 20-ум-С.Н.) қисман дар хоб буда, қисман худро узбек номида, қисман ба корҳои дигар машғул буданд. Нависандагоне, ки дар он вақт кор мекарданд, ҳанӯз он қадар ҷасорат надоштанд, ки хосиятҳои забони тоҷикиро ба забони таърихии худ дароранд» (« Овози тоҷик», 4 марти соли 1930).

Гузашта аз ин дар он солҳо аз ҷумлаи теъдоди маҳдуди аҳли илму дониш, ки аз умқи мавзуъ воқиф буданд ва зиёни тағйири алифборо мефаҳмиданд, маҷбур ба фирор шуданд ва ё гӯшанишинӣ ихтиёр карда, дар ин ҳарбу зарби иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок накарданд. Албатта, омили тарсро ҳам дар ин ҷараён набояд фаромӯш кард. Зеро агар касоне ҳам оқибати ин корро фарзан дарк мекарданд, чӣ расад ба эътироз, ҷуръати ибрози назари мухолифро нисбати ин масъала надоштанд, чунки филфавр тамғаи «миллатчӣ» ё «панэронист» рӯйи онҳо нақш мебаст, ки оқибати он маълум буд. Илова бар ин, ба назари мо, яке аз омилҳои муҳим дар ин замина руҳи замон, яъне фазо ва муҳити сиёсиву иҷтимоии нав буд. Шиорҳои ҳукумати нави инқилобӣ – барандохтани дунёи зулму ситам ва бунёди давлати одилонаи ранҷбарон ва амсоли он чунон фиребо ва дилрабо буданд, ки муътақидони он дар ин мубориза ҳозир буданд, ки бисёр арзишҳои моддӣ ва маънавии гузашта, аз ҷумла алифборо низ қурбон кунад. Аммо мақомоти ҳизбиву давлатӣ ба таври расмӣ ду омилро сабаби асосии ин иқдом муаррифӣ мекарданд, ки баъзеи онҳо ба ҳақиқат наздик ва аз нияти неки давлат дар ин арса мужда медоданд. Аввалан, дар шарҳу эзоҳи ин маром хотирнишон гардида буд, ки ҳадафи давлат ҳарчи зудтар нест кардани бесаводӣ мебошад ва барои  амалӣ кардан он алифбои арабӣ мушкилоти зиёд дорад (як қисми онҳо ба таври васеъ дар матбуот дарҷ гардида буд) ва алифбои лотинӣ ба мақсад мувофиқтар аст. Сониян, ҳадафи инқилоби маданӣ, ки дар ҳоли татбиқ қарор дошт, баланд бардоштани савияи донишу маърифати минтақаҳои ақибмондаи мамлакат ба сатҳи марказҳои мадании кишвар мебошад. Вале барои омӯзиши илму маданияти асрӣ алифбои арабӣ монеа эҷод мекунад ва амсоли он.

Дар ҳар сурат тасмимоти давлат дар ин масъала қотеона буд ва суду зиён ва манофеи миллӣ ва анъаноти таърихии миллат ва ё халқҳои ин минтақа чандон ба эътибор гирифта нашуд. Яке аз вижагиҳо ва тафовутҳои дигари раванди «лотинонидан» дар Тоҷикистон он буд, ки ин ҷумҳурӣ аз нигоҳи суръати гузаштан ба алифбои нав аз соири ҷумҳуриҳои ҳамсоя ақиб монда буд. Аввал он ки назар ба мавқеияти ҷуғрофӣ ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон бештар тул кашид ва ҳукумати нав дар бисёр нуқоти он дертар барқарор шуд.

Дигар ин ки дар асари саъю талоши муғризонаи пантуркистон дар солҳои аввали инқилоб Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон танҳо соли 1924 ташкил шуд. Аз ин рӯ қарор ба иқдоми Ҳукумати Шуравӣ дар мавриди маорифу маданият, аз ҷумла табдили алифбо дар ин сарзамин ба таъхир афтод. Аз соли 1926 ба ин тараф чун вазъияти сиёсиву низомии Тоҷикистон ба эътидол даромадан гирифт ва фурсати созандагӣ пеш омад, ба ин мавзуъ аз ҷониби давлат диққати бештар зоҳир гардид. Соли 1927 барои идора ва роҳбарӣ аз болои ин масъалаи мураккаб Кумитаи Марказии Алифбои Нави Тоҷик  (КМ АНТ)  таъсис дода шуд. Сипас моҳи майи ҳамон сол дар шаҳри Самарқанд доир ба забон ва алифбои нав маҷлиси машваратӣ даъват шуд ва ба иштирокчиёни он ду лоиҳаи алифбои нав (лотинӣ) барои «фикргирӣ» («Роҳбари дониш», 1931, №5 ) ва муҳокима пешниҳод шуд. Лоиҳаҳо аз тарафи Абдуррауфи Фитрат ва профессор А.А. Семенов таҳия ва тартиб дода шуда буданд. («Инқилоби маданӣ», 1931, № 4-5).. Маҷлис ба каме ислоҳот лоиҳаи Абдуррауфи Фитратро пазируфт. Табиист, ки чунин кори бузург дар фурсати кутоҳ ва аз ҷониби як-ду нафар бе айбу нуқсон наметавонист анҷом гирад. Аз ин рӯ, лоиҳаи қабулшуда тамоми ҷанбаҳо ва борикиҳои ин масъалаи муҳимро дар бар намегирифт. Бинобар ин дар матбуот мубоҳисаҳои гарм ва танқиду тақризи ин лоиҳа оғоз гардид. Ба мақсади хотима бахшидан ба мубоҳисаҳо дар мавриди алифбои нав ва ба маҷрои илмӣ даровардани ин ҷараён Комиссарияти маорифи Тоҷикистон 28 октябри соли 1928 дар шаҳри Тошканд Анҷумани якуми Алифбои нави тоҷикиро барпо намуд. Бино ба аҳаммияти мавзуъ дар анҷуман илова бар шахсиятҳои маъруфи фарҳангии тоҷикон, чун устод С. Айнӣ ва «чанд профессорҳои аврупоӣ» (донишмандони рус-С.Н.) аз тарафи Бюрои сиёсии Осиёимиёнагӣ, намояндаи Комиссарияти дохилӣ Нисормуҳаммад, раиси шурои илмии Комиссарияти маорифи Узбекистон Ҳошимов иштирок намуданд. Илова бар масъалаҳои рӯзнома-қабул намудани алифбои нави тоҷикӣ ва имлои он дар ин анҷуман низ ду лоиҳаи алифбои нав, яке лоиҳаи профессор А. Фрейман ва дувумӣ ҳамон лоиҳаи такмил ва ислоҳшудаи А.Фитрат мавриди муҳокима  қарор гирифт. Пас аз баҳсу мунозираҳо ва «ҷанҷоли бисёр» (дар муҳокима 30 нафар баромад карданд) бо баъзе иловаҳо аз лоиҳаи профессор А.А. Фрейман боз ҳамон лоиҳаи А. Фитрат қабул шуд ва «лотинонидан» дар Тоҷикистон оғоз гардид. Пас аз ин  бино ба расми  «инқилоби»-и он солҳо таҳти шиорҳои гуногун мубориза бо алифбои куҳна, «бар зидди душманони алифбои нав» («Тоҷикистони сурх», 22 ноябри соли 1933), «бар зидди алифбои хурофотпаҳнкунандаи арабӣ» («Овози тоҷик», 19 феврали соли 1930), «оташ ба решаи алифбои арабӣ» («Тоҷикистони сурх», 1 июни соли 1933) ва амсоли он шиддат гирифт ва «кумпония»-и васеи таблиғотӣ ба хотири ҷорӣ кардани алифбои инқилобии нави тоҷикӣ (лотинӣ) (Ҳамон рӯзнома), «алифбои нави сотсиалистӣ» (Ҳамон рӯзнома, 7 феврали соли 1930) ба роҳ андохта шуд.

Мубаллиғин бошанд, дар ин мубориза «саховатмандона» тамғаҳои сиёсӣ нисори ҳамдигар мекарданд. Масалан, яке аз муаллифони пуркори ин давра Ҳ. Обидӣ ба забони маъмули он солҳо чунин менависад:

«Аксарияти коркунони масъули мо, ҳатто коркунони масъули мо директифҳои фирқаро дар бораи алифбои лотинӣ иҷро накарда,  ҳатто коркунони ҷудогонаи онҳо ба ин масъала оппортунистона баҳо медиҳанд» (Ҳамон рӯзнома, 1 июни соли 1933). Ва ё комиссари маорифи халқи ҶСШ Тоҷикистон рафиқ Носируф дар мақолаи пештар ёдшуда «Ба душманони алифбои нав зарбаи сахт мезанем» («Тоҷикистони Сурх», 27 майи 1933) аз муаллифи боло ҳам гузашта «куҳнапарастон»-ро «душмани синфӣ» эълон мекунад ва чунин мисол меоварад: «яке аз намояндагони душмани синфӣ Муродзода шахсе дар техникуми таълим ва тарбияи Уротеппа ба вазифаи муаллимӣ ҷойгир шуда ва ба муқобили алифбои нав ошкоро дар байни талабагон ташвиқот меронад. Дар байни талабагони техникум дар бобати алифбо чунин сухан меронад, ки «алифбои арабӣ монанди тилло буд». Илова бар мақолоти тезу тунд дар мавриди айбу навоқиси алифбои арабӣ ва имтиёзу бартариҳои алифбои нав шеърҳо низ дар ин мавзуъ эҷод гардид, ба монанди:

Чун алифбои нав аз ҳарфи лотинӣ шуд дуруст, зуд бозори алифбои араб гардид суст. Дар раҳи илм ин алифбои нав аст айруплон, в-он алифбои араб бошад ҳимори нотавон… Шоду мамнун гаштаем имрӯз мо аз бахти хеш, Бас ки берун шуд алифбои араб аз рахти хеш («Роҳбарои дониш», 1929, №4). Албатта, аз нуқтаи назари таҳаввулоти фикрии имрӯза баҳо додан ба муаллифони чунин шеъру мақолот ва мубаллиғони алифбои лотинӣ дуруст нест. Зеро аксарияти онҳо ашхоси дилсӯзи миллату забони худ буданд ва содиқона эътиқод доштанд, ки аз ин роҳ ба пешрафти маорифу фарҳанги халқи худ хизмат мекунанд.

Мавзуи гузаштан ба алифбои нав, албатта, бо ин ба поён нарасид ва чанд маротибаи дигар дар маҷлису анҷуманҳои муътабари илмӣ, аз қабили Пленуми якуми Алифбои нави тоҷикӣ (15 ноябри соли 1929, ш. Сталинобод), «Кенгош»-и илмии тоҷикони Узбекистон (10-15 феврали соли 1930, ш. Самарқанд) ва амсоли он баррасӣ шуда, ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Саранҷом пас аз баҳсу мунозираҳои бисёр дар анҷуману конференсияҳо ва «кенгош»-у маҷлисҳои машваратӣ дар атрофи алифбои лотинӣ ва зарурати гузаштан ба он 22 моҳи августи соли 1930 дар шаҳри Сталинобод Анҷумани нахустини илмӣ – забоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид. Аҳаммияти ин Анҷуман дар он буд, ки фикру андешаҳо ва пешниҳодоту назариётеро, ки то он замон аз ҷониби забоншиносону зиёиёни тоҷик ва мутахассисони рус изҳор гардида буданд, ба инобат гирифта, қоидаҳои муваққатии имлоро такмил ва ислоҳ карда ва алифбои навро то ҷои имкон ба қонуну қоидаи савтиёти забони тоҷикӣ мутобиқ сохта, онро барои омӯзиши ҳамагон пешкаш намуд. Дар қарори нахустини Конференсияи лотинии тоҷикӣ пас аз баррасии лоиҳаҳои «лотинонидани алифбои тоҷикӣ» ва роҳҳои сохтмони он омадааст: «Алифбои тозаи тоҷикӣ ба як асосе сохта шуданаш лозим аст, ки вай алифбо оҳанг ва савтиёти (фонетикаи) забони тоҷикиро тамоман ифода карда тавонад» ва дар назди «Комиссариёти маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус ташкил шавад, ки вай … барои алифбои нави тоҷикӣ қоидаҳои дурусте, ки тамоми эҳтиёҷоти зиндагии тоҷикиро ҷавоб дода тавонад, ба вуҷуд биёварад» (Ҳамон маҷалла, 1931, №1). Бояд гуфт, ки дар он солҳо масъалаи табдили алифбо ба монанди соири умури иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи муҳими ҳаёти сиёсии давлати шуравӣ арзёбӣ мешуд ва ҷараёни татбиқи он зери назорати мустақими ҳизб ва давлат қарор дошт. Анҷумани якуми шуроҳои Тоҷикистон ва сипас дар партави қарорҳои он «Анҷумани муаллимони саросарии ҷумҳурӣ» ин ҳақиқатро таъкид ва тасдиқ кард. (Ҳамон ҷо).

Чанде пас, моҳи январи соли 1929 «фармоиш»-и раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум «Ба ҳамаи кумитаҳои иҷроияи окрогӣ (округӣ)-районӣ» содир шуд, ки дар он беаҳамиятии «кумитаҳои иҷроияи окрогӣ-районӣ» ва шуъбаҳои маорифро дар бораи тараққӣ ва пешрафти корҳои алифбои нави сотсиалистӣ» танқид карда, иҷрои қарорҳои Кумитаи Марказии Алифбои Навро барои онҳо «маҷбурӣ ва қатъӣ» эълон намуд: «…Ҳар гуна мусолиҳакорӣ ва хунукбинӣ дар ин кор монанди итоат накардан ба фармонҳои Ҳукумат ҳисоб карда ва сабаби пайдо шудани масъулиятҳои сахт мешавад» («Тоҷикистони Сурх», 7 феврали соли 1930),-омада буд дар ин санад. Бар асоси ин фармони таҳдидомез ҷараёни гузаштан ба алифбои нав дар матбуот ба тариқи зайл сурат гирифт: Соли 1930-35%; соли 1931-50 %; соли 1932-83 %.

Соли 1929 Кумитаи Марказии умумииттифоқи Алифбои Нав (КМУАН) дар назди Кумитаи Иҷроияи умумииттифоқи ИҶШС таъсис шуд, гузаштан ба алифбои навро дар ҷумҳуриҳои  Қафқоз, Осиёи Миёнаву Қазоқистон ва дигар воҳидҳои худи Русия идора ва роҳбарӣ мекард. Ба ин муносибат 11 июни соли 1933 бо Қарори КИМ шуроҳои ҶШС Тоҷикистон, таҳти рақами 215 КМ АНТ иборат аз 30 нафар дар сатҳи баланди давлатӣ ташкил карда шуд. Ин кумита «дар таҳти роҳбарии умумии директивии КМ АН-и умумиттифоқ буда ва дар назди Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон меистод» (Ҳамон рӯзнома, 5 августи соли 1933). Саранҷом мувофиқи қарори Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б), «ки ба маърузаи Кумитаи Марказии фирқаи коммунисти (б) Тоҷикистон баровардааст (ба таърихи 14 августи соли 1932) ва мувофиқи қарори КМ ПК (б) Тоҷикистон аз моҳи апрели соли ҷорӣ, бояд дар соли 1933 дар Тоҷикистон ҳамаи корҳо 100 фоиз ба алифбои нав гузаронида шавад». (Аз куҳна ба нав. (чопи КМИ АНТ). – Тошканд. – Душанбе: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1928). Ин қарор ба мубоҳисаву музокираҳои даҳсолаи фарҳангиёни тоҷик ва забоншиносони рус дар атрофи алифбои нав ва ҷорӣ кардани он хотима бахшид ва мутобиқи он «соли 1933 ба алифбои куҳна чоп кардан барҳам хурд» ва матбуот сад дар сад ба алифбои нав гузашт.

Ба ҳамин тариқ, умри расмии алифбои арабӣ дар ин сарзамин ба поён расид ва алифбои лотинӣ чанд муддате алифбои қонунии тоҷикон гардид.
     Табдили алифбои суннатии тоҷикӣ бо расмулхати арабӣ ба лотинӣ аввалан таҳти таъсири пантуркизми минтақавӣ ва сониян зери нуфуз ва асари сиёсати таҳрикомез ва мафтункунандаи солҳои аввали инқилоб дар хусуси «барафкандани дунёи куҳан» ва «бунёди ҷаҳони нав», ки ҳама дар он бародару баробаранд, сурат гирифт. Дар ин меҳроби бародарию баробарии инқилоб фидо кардани алифбое қурбонии чандон гароне ҳисоб намешуд. Вагарна бо тағйиру табдили алифбо, ба назари мо, ҳеҷ зарурати муҳими илмӣ ё фарҳангии тоҷикон бароварда нашуд.

Дар хусуси муҳлати амалӣ кардани ин ҳадаф, ба назари мо, «суръат ва методҳои инқилобӣ»-и он солҳо истифода нашуд ва он нисбатан ором татбиқ шуд, зеро чунон ки дидем, ҷараёни гузариш ба алифбои нав дар Тоҷикистон каму беш тақрибан 9-10 сол идома ёфт.
Албатта, баҳси забоншиносон дар мавриди имтиёзоти алифбоҳое, ки дар онҳо тамоми овозҳо нисбӣ навишта мешаванд ва айбу навоқиси алифбои ғайри он, монанди алифбои арабӣ, мавзуи ҷудогона аст ва мо дар он дахл намекунем. Дар хотима суоле пеш меояд, ки чаро аз ибтидо алифбои русӣ қабул карда нашуд, то он ки баъди саргардониҳои моддиву маънавии 10-12 сола боз зарурати дигар кардани алифбо пайдо нашавад? Ин суол дар он солҳо ҳам ба миён омада ва чунин пешниҳодот низ дар ин замина сурат гирифта буд, вале мавриди қабул қарор нагирифтанд. Бино ба андешаи «назариётчиён ва коргардонони» ин идея ҳадаф ва шарти асосӣ «байналмилалӣ кардани алифбои нав» буд, на русӣ кардани он. Дар китоби «Аз куҳна ба нав», ки КМ Алифбои Нави тоҷикӣ чоп карда буд, ин масъала чунин шарҳ дода шудааст:

«Модом ки алифбое қабул кунем, ки байналмилалӣ бошад. Инак, аз ҳамин нуқтаи назар алифбои лотиниро асос гирифтан беҳтар аст» (Ҳамон ҷо). Ба гумони мо, ин иқдом сабабҳои дигаре ҳам дошт. Тавре ки медонем, ҷунбиши алифбодигаркунӣ баъд аз Инқилоби Октябр «дар байни миллатҳои туркизабон хеле вусъат гирифт» ва аз ҷониби мақомоти ҳизбиву давлатии Иттиҳоди Шуравии собиқ бо сабабҳое, ки мухтасари он пештар зикр шуд, дастгирӣ ёфт. Ин замоне буд, ки дастгоҳи олии идеологии Давлати Шуравӣ ҳанӯз аз мафкураи «инқилоби умумиҷаҳонӣ», «инқилоби байналмилалӣ» даст накашида буд ва тағйири алифбо дар Осиёи Миёна, Қафқоз ва милали туркзабони Русия ба шиори боло мутобиқат мекард. Аммо тағйири авзои сиёсии ҷаҳон дар арафаи Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ татбиқи ин шиорро ботил кард ва дар мавриди алифбои халқҳои номбурда тасмимоти дигар гирифта шуд, ки дар бораи он сухан алоҳида хоҳем гуфт.

Сайфиддин Назарзода- профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупо