ҒАРҚИ ВАҲДАТ БОШ, АГАР ОСУДА ХОҲӢ ЗИСТАН…

202

      Вожаи “ваҳдат” маънои ягонагӣ, яктоӣ, ҳамбастагӣ, якпорчагӣ, ҳамдилӣ, якдилӣ, ҳамроҳӣ ва дӯстиро дорад. Агар китобҳои таърихи одамиёнро бознигарӣ намоем, равшану ошкор мегардад, ки ҷанг дар ҳама рӯзгорон ба ҷуз бесарусомонӣ, вайронӣ, парешонӣ, оворагӣ ва хонумонсӯзӣ барои мардумон чизи дигаре наовардааст.
Фарҳангу тамаддуни куҳан ва деринаи ориёӣ, ки дар асл аз ваҳдат, хирадгароӣ ва инсонгароӣ иборат аст, ба тамаддуни муосири мардуми тоҷик таъсиру нуфузи хешро расонид. Мардуми тоҷик аз оғози таърих тамаддунофар, ваҳдатгаро, сулҳҷӯ, фарҳангдӯст, озодихоҳ, бунёдкору созанда ва инсондӯст буданду ҳастанд.
      Бо меҳрубониву бахшоиши Офаридгор ва талошу кӯшиш, фидокориҳо ва ҷонбозиҳои фарзандони боору номус, бузургвору шарафманд ва ҷоннисориву ҷонфидоии Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати миллӣ расидем. Аз ин ҷост, ки мо мардуми сарбаланду сарфарози тоҷик ҳамасола 27-уми июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бошукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирем.
      Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш гуфта буданд: “Сокинони кишвари мо ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми асри гузашта даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
      Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд, ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки оқибати ҷанг танҳо даҳшату харобӣ, наҳсу қашшоқӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ, фирори сокинон аз Ватан ва ҷойи зисти худ ва дигар мушкилоту маҳрумиятҳо мебошад.
      Баръакс, танҳо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар як фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум ба ҳисоб меравад.”
      Мо имрӯз метавонем бо сарбаландиву сарфарозӣ иброз намоем, ки устувории сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва комилан таърихии тоҷикон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагӣ ва ҳамдилии мардуми кишвар ва ҷонфидоиҳои фарзандони покниҳоду покнажоди халқамон муяссар гардид.
Аммо шӯрбахтонаву нагунбахтона имрӯз низ дар дарун ва беруни Тоҷикистони азиз касони аҳриманманишу бадгуҳар, гургманишу каждумсиришт, гуҷастаройу гуҷастахӯй, бадпиндору бегонапараст ва намакношиносу носипос низ ҳастанд, ки ба қадри ҷашнҳои бузурги таърихӣ, Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромии кишвар натанҳо намерасанд, балки барои шикаст ва доғдору халалдор кардани онҳо ҷаҳду талошҳои бехирадонаву бешарафона мекунанд.
      Мо бояд Ваҳдати миллиро ҳамчун ҷон, гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва чун Модар азизу муқаддасаш бидонем. Аз гузашта дарс бигирем, тамоми донишу хирад ва таҷрибаи зиндагии худро ба он равона созем, ки Ваҳдати миллӣ пойдору устувор монад.
      Аз ин хотир, месазад, ки ин панди шоири бузурги тоҷик Абдулқодири Бедилро равиши зиндагии худ созем, ки гуфтааст:
      Ғарқи ваҳдат бош, агар осуда хоҳӣ зистан,
     Моҳиёнро ҳар чи бошад ғайри дарё оташ аст.

Абдулҳадов Ҷ.З.
дотсенти факултети забонҳои Осиё ва Аврупои 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон