Баргузории маҳфили “Зеҳн” дар факултет

141

Имрӯз дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили “Зеҳн” баргузор гардид. Дар маҳфил муовини декан оид ба илм н. и. ф дотсент Абдулаҳадов Ҷ. мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н. и. ф дотсент Маҳмадов Ҷ. омӯзгорони кафедра Иброҳимов З. Ҷонмардова Ф. ва Сафаров М. дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни курсҳои якум ва чоруми ихтисоси хитоӣ – тоҷикӣ иштирок намуданд. Ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Асозода Ҳусайнӣ дар мавзӯи “Аҳамияти омӯзиши забони чинӣ дар замони муосир” суханронӣ намуда, аз дастовардҳои илмиву техникии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва имкониятҳои омӯзиши забони чинӣ дар замони муосир ёдовар гардид. Маҳфил дар фазои илмӣ баргузор гардид.