ЧОРАБИНИИ ҶАШНИИ ДОНИШҶӮЁН

71

Дар таърихи 01.05.2024 дар толори факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 100-солагии пойтахти кишвар – шаҳри ҳамешаҷавони Душанбе ва Рӯзи якдилии меҳнаткашон намоиши ҳунарҳои дастии донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюм бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ, бо шукргузорӣ аз сулҳу якпорчагии Ватани азиз ва бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ фаъолона ширкат намуданд. Намояндагон аз Раёсати Донишгоҳ ва меҳмонон аз факултетҳои дигар ба кори шогирдон ва ҳунарҳои дастии онҳо баҳои баланд доданд.