ДАРСҲОИ ТАРБИЯВИИ ДОНИШҶӮЁН

129

Дар таърихи 24.10.2023 дар заминаи дарси тарбиявӣ, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси арабӣ-англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо ифтихори баланди ватандориву меҳанпарастӣ ва руҳияи ифтихормандӣ бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи филологияи араб Илёсов Фозил аз осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Шаҳраки донишҷӯён ва ҳамзамон иншооти навбунёди Донишгоҳ –  Маҷмааи варзишӣ дидан карданд.

Воқеан дастаҷамъона дидан кардан аз осорхонаи Пешвои миллат барои донишҷӯён бисёр хотирмон гардид ва ба якояки онҳо таассуроти амиқе гузошт. Тамошои Маҷмааи варзишӣ низ муҷиби хушнудӣ ва ифтихормандии донишҷӯён гардид ва онҳо сарфароз аз он гардиданд, ки  Донишгоҳ беш аз пеш ободтару зеботар мегардад.