Дарси намунавӣ

281
Дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар таърихи 31.10.2022 бо ташаббуси номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи филологияи араб  Илёсов Фозил дар курси 2-юми ихтисоси арабӣ-англисӣ ва арабӣ-фаронсавӣ дарси намунавӣ аз фанни “Хусусият ва тарҷумаи матни сиёсӣ” баргузор гардид.  Мавриди зикр аст, ки дарси мазкур бо усули нави таълим роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва тақвият бахшидани маҳорату малакаи донишҷӯён аз фанни номбурда равона гардид. Дар рафти ин дарс донишҷӯён гурӯҳбандӣ карда шуда, нахуст гурӯҳи “А” маърузаҳои хешро дар робита ба мавзуи “Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб” пешниҳод намуданд.
Дар ибтидо Илёсов Фозил ба донишҷӯён бо забони арабӣ перомуни арзишу аҳаммияти фанни мазкур ва фаҳмишу дарки масъалаҳои сиёсии ҷаҳони Шарқ ва робитаи он бо олами Ғарб сухан намуда, ҳамзамон бо истифода аз фурсати муносиб перомуни ифтихороти миллии ҳар як тоҷик зимни омӯзиши чунин масъалаҳо изҳори назар кард. Мавсуф зимни суханронии хеш аҳаммияти сиёсӣ ва илмии мавзуи “Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб”-ро қайд сохта, аз ҷумла, чунин баён намуд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ноил гардидан ба Истиқлоли давлатӣ сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифт, ки ин ҳамвора баҳри созмон додани робитаҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Маҳз, сиёсати пешгирифтаи сарвари хирадманди кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари  соҳибистиқлол эътироф гардида, бо мамлакатҳои гуногун пайванди дӯстӣ барпо менамояд.”

Мувофиқи пешниҳоди Илёсов Фозил донишҷӯён дар самтҳои гуногуни масъалаи баррасишаванда маърузаҳои худро омода карда буданд. Нахуст, сардори гурӯҳ – Саидзода Собирҷон суханҳои иброздоштаи  устодро тақвият бахшида, маърузаи худро дар атрофи мавзуи “Таърихи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб” ироа кард. Дар рафти суханронӣ таърихи барпошавии робитаҳои миёни ду кишвар таъкид гардида, иқтибосҳо аз рафти сафарҳои расмии сарвари кишвар ба Ҷумҳурии Мисри Араб оварда шуданд. Ҳамчунин дарҷ гардид, ки зимни сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мисри Араб шартномаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расид, ки ин баҳри вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъда заминаи созгор муҳайё месозад.

Маърузаи дигар аз ҷониби донишҷӯи гурӯҳ Саидова Наҷиба дар мавзуи “Муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб” матраҳ карда шуд. Дар робита ба ин, аҳаммияти муҳимми муносибатҳои тарафайн дар самти тиҷорат ва иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифта,  он яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар дониста шуд.

Дар идома донишҷӯи дигари  гурӯҳ Файзалиев Олим маърузаи хешро дар пайвастагӣ ба “Муносибаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб дар самти сайёҳӣ”  пешкаши ҳозирин намуд. Зимнан ишора карда шуд, ки Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ буда, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон ба он ташриф меоваранд.

Сипас, Фарзона Шокирҷонзода маърузаи навбатиро дар мавзуи “Равобити Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи тандурустӣ” ба саҳми донишҷӯён расонида, вобаста ба он иброз дошт, ки ин яке аз муносибатҳои мубрам миёни ду кишвар маҳсуб меёбад.

Маърузаи охирин аз ҷониби донишҷӯ Ашурзода Хуррам бо ишора ба яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба “Муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб дар соҳаи илм ва маориф” пешниҳод гардид.

Дар фарҷом Илёсов Фозил дарси мазкурро таҳлил намуда, ба донишҷӯён ҷиҳати сайқал додани донишу маърифати онҳо аз фанни мазкур  маслиҳатҳои судманд дод. Яке аз муваффақиятҳои дарс дар он буд, ки донишҷӯён маърузаҳои худро пурра ба забони арабӣ ироа намуданд, ки ҷиҳати тақвият ёфтани маҳорату малакаи забондонии онҳо дар оянда мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон истифодаи тахтаи электронӣ барои баланд бардоштани сифати таълими фан мусоидат намуд. Ёдовар мешавем, ки ин иқдом ҳафтаҳои минбаъда низ аз ҷониби гурӯҳҳои дигар идома меёбад.