ДУ СИМОИ ЗАН ДАР ҶОМЕА: АЗ ЛОИҚ ТО ИМРӮЗ

375

Иди 8 Март – Рӯзи модарон фаро мерасад… Ҳавои форами фасли баҳору бӯйи аввалин гулҳои баҳорӣ ба иди бонувон шукӯҳи тоза мебахшад. Ҳама аз пайи табрику туҳфа барои модарон, хоҳарон, духтарон, ҳамкорони худ мешавем. Суханҳои зебову шеърҳои дилнишин ҷустуҷӯ мекунем, ҳатто худамон эҷод мекунем – дар ситоиши зан. Занҳо низ аз омад-омади ин рӯзи барояшон гуворо хурсандии худро пинҳон намекунанд.

Бале, месазад, ки дар ин шабу рӯзҳо аз меҳру муҳаббат ҳарф занем, занону духтаронро ситоиш кунем, қадрдонӣ кунем, орзуву дуоҳои неки худро дареғ надорем. Воқеан ҳам, занону духтарони мо шоистаи ситоишу қадрдониҳо аз ҷониби мардонанд.

Аммо дар баробари ин, мехоҳам, ки барои беҳбуди зиндагиву таъмини вазъи шоистаи иҷтимоии онҳо бо сухану шеъру таронаву як-ду туҳфаи расмӣ маҳдуд нашавем ва як лаҳза андеша кунем, ки дар гуфтору рафтори мо – мардон дар муносибат бо занону духтарон чӣ тафовуте ҳаст. Тафовут аз замин то осмон аст! Инро шоири ширинкалому зиндаёд, устод Лоиқ Шералӣ ҳанӯз дар ҳамон даврони ба истилоҳ шукуфоии ҳаёти зани шуравӣ хуб дарк кардаву ба қалам кашида буд.

Ба назар мерасад, модарномаи адабиёти тоҷик шояд аз беҳтарин модарномаҳо дар адабиёти ҷаҳон бошад. Сурудаҳои чи шоирони классикӣ ва чи шоирони муосир дар васфи модар беҳтарин ганҷинаи суханро дар хазинаи пурбори адабиёт ташкил медиҳанд.  “Модарнома”-и устод Лоиқ яке аз беҳтарин намунаҳои он аст. Ҳар як байти китоби ӯ “Дасти дуои модар” саршор аз меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба модар аст:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ,

Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар,

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак кашам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар…

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,

Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё чӣ норасо буд, ҳастӣ чӣ носазо буд,

Халлоқ гар намебуд  меҳри расои модар…

Зан ҳамчун модар тамоми ҳастии худро барои фарзандон мебахшад, мафҳуми фарзанд барои модар бо мафҳуми зиндагӣ тавъам аст. Пас хидмате, ки модар барои фарзандони худ мекунад, ҷоннисориест барои ҷомеаи инсонӣ. Парастишу ситоиши ин мақоми модар низ дар ашъори шоирон мавқеи махсус дорад, онро метавон дар эҷодиёти ҳамаи шоирон ба ин ё он шаклу мазмун дарёфт. Барои мисол метавон боз ба ашъори рангини устод Лоиқ назар дӯхт:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,

Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.

Ба он дастони ларзони ту бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,

Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,

Валекин боз медӯзӣ ту дастурхони гулдӯзӣ,

Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ.

Чи дунёест дунёи умеди ту, аё модар, аё модар!…

Бале, ситоиши модар, ситоиши қалби пурмеҳри ӯ, ситоиши ҷоннисориҳои ӯ чунин аст. Аммо биёед бубинем, ки вазъи зиндагии зан дар ҷомеа ва муносибати ҳамон фарзандони зодаи ӯ ба зан чӣ гуна аст?

Дар ҳамон шеъри “Қасидаи модар”, ки порчаҳои онро дар боло овардем, ба муносибати ноҷавонмардонаи мардон нисбат ба модар ишораҳое ҳаст, ки намунаҳои он чунинанд:

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар…

Дарду балои дунё бигрифт модари зор,

Нагрифт лек дунё дарду балои модар…

Дар ҳақикат, вазъи баду тоқатфарсои зан дар ҷомеа тамоман акси он муносибатест, ки мо бо модари  худ раво медонем. Вақте ба зан на ҳамчун ба модар, балки ба як симои иҷтимоӣ дар баробари мард баҳо медиҳем, вазъият ранги дигар мегирад. Ҷомеае, ки созандаи он мардонанд, ба зан бо чашми дигар менигарад, гӯё дар ин маврид фаромӯш мекунанд, ки зан ҳамон модар аст:

Дар қиёси гӯри мардон пештар

Гӯри занро жарфтар мекофтанд.

Гӯйӣ ӯ дорад гуноҳони азим,

Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд…

Бехабар аз он ки зан модар бувад,

Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст.

Бар чунин одатшиносони дурушт

Ӯ насиби зиндагонӣ додааст…

Дарки мақоми ҳақиқии зан дар ҷомеа, қадршиносии ҳақиқии хизматҳои зан ва дар айни замон муносибати баръакси мардони давронсоз ба шоир имконият додаанд, ки дар ҳамон даврони хуби шуравӣ низ ҷуръат карда, аз вазъи риққатовари зани тоҷик ҳама мардони майдонро огоҳ созад:

Асири осмонӣ ту,

Асири бадсиголиҳои пайдову нопайдоӣ ту.

Асири туҳмату буҳтон,

Асири ҳирси номардон,

Асири ҳукми шавҳарҳо,

Асири хонаву дарҳо,

Асири нафси бедардону болинҳову бистарҳо,

Асири дину имону худову паямбарҳо,

Асири расму одатҳо,

Асири фарзу суннатҳо,

Асири қолаби ахлоқу найрангу ҷаҳолатҳо,

Асири хонабандӣ ту.

Асири макру фандӣ ту,

Асири фахру нози мардҳои худписандӣ ту…

Дар айёме, ки бояд худкушоӣ кард,

Ту гоҳо худкушӣ ҳам мекунӣ, дардо!

Дар он аҳде, ки бояд даъвии модархудоӣ кард,

Ту бунёди ҷаҳонро меканӣ, дардо!

Дар он давре, ки оинаш худафрӯзист,

Худафрӯзит худсӯзист.

Ба назар мерасад, ки ин гуфтаҳо имрӯз низ моҳият ва мавқеи худро аз даст надодаанд.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа корҳи зиёде ба анҷом расидаанд. Гуфтан кофист, ки аз ҳамон рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол занон ва вазъи онҳо дар ҷомеа дар мадди назари аввали Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва дар ин самт Ҳукумати ҶТ чандин қарору қонунҳоро таҳия намуда, ба тасвиб расондааст. Барои намуна, аз Нақшаи миллии амалиёт оид ба мақом ва нақши занон дар солҳои 1998-2005, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» (1999), Барномаи давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занон ва мардон дар солҳои 2001-2010, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» (2005) ва ғайра ном бурд. Метавон илова кард, ки тайи чандин солҳо ҳамасола барои духтарони деҳот квотаи имтиёзноки президентӣ ҷорӣ шудааст.

Тавре ки мебинем, дар кишвари мо заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва таъмини баробарҳуқуқии онҳо бо мардон таъмин гардида, ба фаъолияти ҳамаҷонибаи меҳнатӣ, аз ҷумла, ба корҳои идорӣ ҷалб кардани онҳо рӯз то рӯз беҳтар мешавад. Аммо, бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам занони мо дар ҷомеа, ба таври умум, мавқеи шоистаи худро ба даст наовардаанд. Ҳоло ҳам ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ нисбат ба зан, падидаҳои номатлуби рафтори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Устод Лоиқ Шералӣ ҳалли ин мушкилот – “чашмаи нур”-у “маншаи бахт”-ро аз бандагӣ раҳо карданро дар дигаргун сохтани шуури мардон медид:  

Вале ман, зодаи ту, хуб медонам,

Ки бо бадбахтият бисёр ҷонсахтӣ.

Ҳамеша чашмаи нурӣ,

Ҳамеша маншаи бахтӣ.

Ту улёҳазратӣ, эй зан,

Ниҳоди давлатӣ, эй зан,

Туӣ фарру ҷалоли  умр,

Худои қисматӣ, эй зан.

Туӣ сарманшаи хилқат,

Туӣ сатват, туӣ нузҳат.

Шавӣ озод то аз нав,

Ҷаҳонро бояд аз нав кард!

Бибояд инқилобе боз

Дар фикру шуури мо.

Бибояд инқилобе боз

Дар мазмуни умри мо.

Бибояд инқилобе боз

Андар ишқи кӯри мо!

Бо ин таҳлили мухтасар метавон саволе ба миён гузошт: Мо, ки бо таълиму тарбияи наврасон сару кор дорем, бояд имрӯз чӣ кор кунем?  Ганҷинаи сухани бузургони гузаштаву муосири худро чӣ гуна ба манфиати солимии ҷомеа истифода барем?

Заминаҳои нобаробарии иҷтимоии зан аз ҳамон даврони ҷавонии ӯ, аз муносибати нобаробари волидайн ба фарзандон сар мешавад, ки таҷассуми онро дар осори адабӣ мушоҳида кардан мумкин аст.  Масалан, дар ашъори шоирони классики адабиёти форсу тоҷик, махсусан, дар достонҳо, қариб ҳамеша бо порчаҳои шеърӣ бо номи умумии «Насиҳат ба фарзанд» дучор омадан мумкин аст. Шоир дар симои падар, пеш аз ҳама, чун шахси насиҳатгӯй падидор мешавад Лозим ба ёдоварист, ки мафҳуми «фарзанд» дар ин маврид ҳамчун «писар» ҷилвагар мешавад. Падар касби илму ҳунарро ба писари худ насиҳат мекунад, на ба духтараш. Ин худ як навъ таҷассуми нобаробарии гендерӣ дар адабиёт ба шумор меравад. 

Чунин мисолҳоро аз эҷодиёти шоирон ва адибаҳои муосир низ овардан мумкин аст. Ба ақидаи комили мо, истифода аз чунин намунаҳои ашъору осори адибон метавонад дар шинохти вазъи зан, нақши зан, мақоми зан дар ҷомеа, паҳлуҳои гуногуни зиндагии мардуми мо, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани роҳу усулҳои беҳтар намудани шароити зиндагии занон, одоби муошират ва ғайра мусоидат намояд. 

Вобаста ба ин як масъалаи дигари усули таълими адабиёт ба миён меояд. Тавре ки ҳамагон медонанд, мо адабиётро аз рӯйи анъана, ба таври хронологӣ (тибқи давру замони зиндагии адибон) таълим медиҳем. Он аслан “Таърихи адабиёт” ва “Адабиётшиносӣ” аст, на худи он. Аввалан, дар ин маврид, дар бораи ҳамаи адибон маълумот додан аз имкон берун аст. Сониян, вақте ки дар бораи ин ё он нависанда ё шоир маълумот медиҳем, тақрибан тамоми эҷодиёти ӯро номбар мекунем, ҳатто дар бораи ин ё он асари ӯ, ки на он қадар машҳур аст, нақл мекунем. Аз ин ҷост, ки аксари мавзуъҳо такрор мешаванд. Шояд беҳтар аст, ки аз ин усул даст кашида, адабиётро аз рӯйи мавзуъ ва жанр таълим диҳем? Дар ин маврид роҷеъ ба мавзуъ аз эҷодиёти шоирони гуногун мисолҳо оварда, онро ба тариқи муқоиса таҳлил кардан натиҷаи хубтаре хоҳад дод.

Воқеан ҳам, занону духтарони мо шоистаи ситоишу қадрдониҳо аз ҷониби мардонанд. На танҳо бо сухан, балки бо кору пайкори ҷавонмардонаи мо низ!

Солимии ҷамъият ба солимии зан вобаста аст. Пас, месазад, ки барои рафъи носозгориҳоиҳои рӯзгор ва ҳалли масоили гендерӣ якҷоя камар бандем. Бадбахтии занон дар маҷмуъ бадбахтии мардон ва, баръакс, хушбахтии занон хушбахтии мардон низ хоҳад буд. Интихоб аз мост…

Идатон муборак, духтарону занони азиз!

  Азим Байзоев

номзади илми филология,

дотсенти кафедраи филологияи Эрони

факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ.