«ФАРҲАНГИ ШОМИЛИ АЛИФБОИИ СУЛАЙМОНӢ (АРАБӢ-ТОҶИКӢ-РУСӢ)

171

Санаи 16.05.2024 маҳфили илмии д.и.ф., профессори кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, олими номвари забоншинос устод Сайидраҳмон Сулаймонов доир гардид. Дар маҳфили мазкур ин донишманди мумтоз аз чопи чаҳор муҷаллади фарҳанги шашҷилдаи «Фарҳанги шомили алифбоии Сулаймонӣ (арабӣ-тоҷикӣ-русӣ) (зиёда аз 120 000 калима)» мужда расонид. Ҷойи тазаккур аст, ки «Фарҳанги шомили алифбоии Сулаймонӣ (арабӣ-тоҷикӣ-русӣ) (зиёда аз 120 000 калима)»-и Сайидраҳмон Сулаймонов на танҳо дар арабшиносии тоҷик, балки дар ховаршиносии рус низ ҳамто надорад.

«Фарҳанги шомили алифбоии Сулаймонӣ (арабӣ-тоҷикӣ-русӣ) (зиёда аз 120 000 калима)», ки ба пешгоҳи донишмандон, нависандагон, фарҳангиён, тарҷумонҳо, мухлисони забону адабиёти форсу тоҷик, русу араб ва умуман, хонандагон тақдим мегардад, самараи заҳмати зиёда аз сисолаи нигорандаи ин сатрҳо мебошад. Гирдоварӣ, омўзиш ва ҷобаҷосозии маводи Фарҳанг дар муддати сиву чор соли пайваста идома ёфта, онро ҳосили таҷрибаи андўхтаи хеш аз таълим ва тадриси забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тарҷумаи осори мутафаккирони арабизабони форсу тоҷик аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ, сафарҳои хориҷӣ ба кишварҳои араб ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ арзёбӣ метавон кард.

«Фарҳанги шомили алифбоии Сулаймонӣ (арабӣ-тоҷикӣ-русӣ) (зиёда аз 120 000 калима)» аз ҷиҳати сохтори худ ба гурўҳи фарҳангҳои алифбоии ду ё сезабона мансуб буда, шарҳу баёни сохторӣ ва тарзи истифода аз онро дар бахши сохтори Фарҳанг оварда, ишора карданӣ ҳастем, ки ҳадафи он шинос кардани муҳаққиқ ва хонандаи тоҷик ва русзабон ба матнҳои мухталифи забонии забони арабии классикӣ ва муосир мебошад. Муҳаққиқ ва хонандаи гиромӣ тавассути луѓати мазкур метавонад калима, таъбирот ва ҷумлаҳои мутадовил  ё худ ривоҷдоштаи забони арабии классикӣ ва мосирро тарҷума намуда, ба истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илму маърифат, ки дар Фарҳанг бо ишораҳои махсус нишон дода шудаанд, ошно гардад.