ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

135

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Донишгоҳ дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо вохӯрию суҳбатҳои судманд бо донишҷӯён баргузор гардиданд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбари гурӯҳи корӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. бо донишҷӯё мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла хатари паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, нақши ҷавононро дар пешгирии чунин падидаҳои номатлуб таъкид карданд.