ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТИ МУТАМАДДИН

109

Воқеан ҳам дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳое тақдирсозе мавҷуданд, ки дар пешрафту рушди минбаъдаи он нақши бориз доранд. Аз ҷумла, барои миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо низ вожаҳое, монанди Истиқлолу Ваҳдати миллӣ бисёр азизу муқаддасанд, ки онҳо дар даврони навини давлатдории миллӣ ба тараққиёти кишвари маҳбуби мо таъсири амиқ гузоштаанд. Баробари ба забон овардани ин калимаҳо ҳар як фарди ватандӯстро изтиробу ҳаяҷони саршор аз ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватанпарастӣ фаро мегирад, зеро дар ин вожаҳо ормонҳои ҳазорсолаи халқи куҳанбунёди мо таҷассум ёфтаанд. Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дар роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷодаҳои гарони таърихи хунинро паси сар кардаву дар ивази ҷонфидоиҳои фарзандони фарзонаи бонангу номуси миллат танҳо бо гузашти ҳазор соли таҳаммули ҳама ҷабрҳои таърих онҳоро ба даст овардаанд.

Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллати хеш ва пешафту таҳаввули минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Дар робита ба ин, Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлол сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд. Маҳз Истиқлол меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ғояву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлол, ин ба арсаи сиёсат ворид гардидани фарзанди барӯманди ин сарзамин Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ робитаи қавӣ доранд. Аз лаҳзаҳои аввали сарвари давлат интихоб гардидани ин сиёсатмадори хирадманду дурбин асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷорӣ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамзамон дар мамлакат яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфт, ки дар натиҷа ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлат таҳти назорати доимӣ қарор дода шуд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву ду сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ба шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

         Таърихи Истиқлоли давлатии мо, руҳияи безаволи он дар асарҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пажуҳишҳои илмӣ хеле дақиқу возеҳ баён гардидаанд. Хушбахтона, бо ҳукми таърих ва замон дарёфтани лаҳзаҳои беназири тақдирсози миллати бузургманиши тоҷик насиби насли хуштолеи имрӯз гардидааст. Муҷиби саодатмандист, ки мо шоҳиди на танҳо ин зуҳуроти таърихӣ ҳастем, балки худ дар бунёди давлати навини тоҷикон ширкат дорем ва имконият дорем, ки саҳми боризи хешро дар роҳи бунёди ҷомеаи мутамаддин гузорем. Пас ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар таҳкими арзишҳои Истиқлоли миллӣ собитқадамона заҳмат кашад ва барои пешрафти ҷомеаи ободу осуда саҳми арзандаи хешро гузорад.

Раҷабова М.Т. – доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи филологияи араби ДМТ