КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ «МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ ЗАБОНШИНОСИИ ТИПОЛОГӢ-МУҚОИСАВӢ, ЗАБОНШИНОСӢ ВА УСУЛҲОИ НАВИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ»

128

Бо ташаббуси кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таърихи 14-уми апрели соли 2023 Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалии забоншиносии типологӣ-муқоисавӣ, забоншиносӣ ва усулҳои нави омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдусалом Мамадназаров баргузор гардид.

Конференсияро декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дотсент Шодиев Р.А. ҳусни оғоз бахшида, баъдан ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар хусуси аҳаммияти гузаронидани чунин конференсияҳо ибрози андеша карданд.

Сипас, маърузаҳои Зартман Ҷонатан – профессор аз Донишгоҳи Денвери ИМА, Ҳасанзода Абдуҷамол – профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,  Ҷамшедов Парвонахон – профессори кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ, Шокиров Туғрал – профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шунида шуданд.

Дар кори конференсия устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, докторантони Ph.D ва унҷонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии гуногун иштирок карданд.

Тавре аз ҷониби иштирокчиёни конференсия зикр гардид, хулоса ва натиҷаҳои илмии маърузаҳо аҳаммияти илмиву амалӣ дошта, метавонанд дар ҷараёни таълиму тадриси забонҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба сифати маводи муфиди назариявӣ ва амалии таълимӣ аз ҷониби устодон самаранок истифода шаванд.

Маводи конференсия низ ба табъ расидааст, ки он дар марказҳои илмиву пажуҳишӣ ба ҳайси маводи иловагии назариявӣ ва амалӣ барои пажуҳиши паҳлуҳои гуногуни забоншиносии типологӣ-муқоисавӣ ва усулҳои нави омӯзиши забонҳои хориҷӣ метавонад ба таври васеъ истифода гардад.

smart
smart
smart
smart
smart
smart
smart