МАҲФИЛИ ДОНИШҶӮЁН

89

Бо ибтикори омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ факултети забонҳои Осиё ва Аврупо чун анъана ҷашнвораи иди Тирамоҳ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини декан оид ба илм Абдулаҳадов Ҷ., мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Маҳмадов Ҷ. ассистентҳои кафедра Асозода Ҳ, Ҳайитмаҳмадова Н, Одинаева М ва Сафаров М дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни ихтисосҳои хитоӣ – тоҷикӣ ва англисӣ – хитоӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро нахуст мудири кафедра Маҳмадов Ҷ. бо суханронии муқаддимавии хеш оғоз намуд, сипас омӯзгор Ҳайитмаҳмадова Н ҷашнвораи мазкурро барои иштирокчиён муаррифӣ кард. Дар рафти баргузории чорабинӣ иштирокчиён аз таъми кулчақанди моҳ, ки рамзи ин ид мебошад чашидан намуда, ҳамзамон сохтани чароғҳои қоғазинро таҷриба карданд. Дар охир чанд нафар аз донишҷӯёни намунаи кафедра дар бораи таҷрибаи омӯзишии хеш ба дигарон қисса намуданд. Ҳамин тавр чорабинии мазкур дар фазои шодиву сурур ва омӯзиши фарҳанги кишвари Чин ҳусни анҷом ёфт.