МАСЪАЛАҲОИ МУҲУММИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСӢ

100

Имрӯз (05.10.2023) бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таъсири онҳо ба рушди илми забоншиносӣ» ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Конференсияро декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, дотсент Шодиев Р.А. ҳусни оғоз бахшида, баъдан сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р. дар хусуси аҳаммияти гузаронидани чунин конференсияҳо ибрози андеша намуд.

Сипас, маърузаҳои Ҳайдар Қурбонов – дотсент, мудири кафедраи филологияи ҳинд, Баҳриддин Наврӯзшоев – дотсент, мудири кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, Просоедова Наталья корманди маҷаллаи «Ахбори» АМИТ, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Замон Замонов ва дигар устодон дар мавзуҳои муҳими забоншиносӣ шунида шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳавасманд намудани донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ масъалаи муҳимми ҷараёни таълим ба шумор меравад. Зеро муоширати касбӣ бо забони модарӣ ва хориҷӣ дар сатҳи баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дарки баланди масъалаи ба миён омада ва дигар маҳорату малакаҳои касбие, ки мафҳумҳои асосии ҳар як тахассус мебошанд, барои ҳар як муттахасиси оянда калиди муваффақияти онҳо дар фаъолияти касбиашон хоҳад шуд.

Дар охир хулоса ва натиҷаҳои илмии маърузаҳо аҳаммияти илмиву амалӣ дошта, метавонанд дар ҷараёни таълиму тадриси забонҳо дар дарсҳои таълимӣ аз ҷониби устодон самаранок истифода шаванд.