“МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

238

20 январи соли 2023 дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо ташаббуси кафедраи филологияи Эрон семинари илмӣ-мотодӣ дар мавзуи “Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълим” баргузор гардид, ки дар он устодони ҳамаи кафедраҳои факултет ширкат варзиданд. Мудири кафедраи филологияи Эрон доктори илмҳои филологӣ, профессор Сафаров Умар семинарро ифтитоҳ намуд. Ӯ роҷеъ ба аҳаммияти масъалаҳои мавриди баррасӣ мулоҳиза ронда, саҳми бевоситаи устоди кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Байзоев Азимро дар таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба ислоҳоти маориф дар кишвар қайд намуд. Сипас, устоди кафедра Байзоев А. дар бораи моҳияти муносибати босалоҳият ба таълим ва паҳлуҳои гуногуни ҷорӣ кардани он ба хотири баланд бардоштани сифати таҳсилот муфассал суханронӣ намуд.
Муҳимтарин нуктаҳое, ки устод Байзоев А. барои ҳозирин ироа кард, чунин буданд: Муносибати босалоҳит ба таълим ҳаргиз низоми нави таҳсилот набуда, онро ба низоми ба истилоҳ “анъанавӣ” муқобил гузоштан хатои маҳз аст. Сухан дар бораи тағйир ва такмили муносибат ба методҳои таълиму тарбия меравад;

Мафҳуми “салоҳият”, ба ибораи содаву фаҳмо, қобилияти донишҷӯро дар истифодаи донишу маҳорат ва малакаҳои бадастоварда дар ҳаёти иҷтимоӣ ва рушди шахсӣ ифода мекунад;

Низоми кредитии таълим сабабгори паст гардидани сифати таҳсилот набуда, мушкилӣ дар дарки нодурусти моҳияти ин низом ва роҳу усулҳои ҷорӣ кардани он аст;

Сифати таҳсилот, ки дар меҳвари таълиму тарбия қарор дорад, дар арсаи байналмилалӣ таърифу тавсифи ягона надорад. Бо назардошти хусусиятҳои миллии низоми таҳсилот, онро чунин таъриф кардан мумкин аст: Категорияи педагогӣ-иҷтимоие, ки ҳолат ва самарабахшии ҷараёни таълиму тарбия ва мутобиқати онро ба стандарту барномаҳои таҳсилот ва талаботу ниёзмандиҳои ҷомеа дар самти ташаккул ва рушди салоҳиятмандиҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсият муайян менамояд.

Дар баробари муҳимтарин омилҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот, ки дар асноди меъёрии ҳуқуқии дахлдор дарҷ гардидаанд, шаффофияти бозори меҳнат низ аз омилҳои таъсиррасони он бояд ба назар гирифта шавад;

Китобу матн худ аз худ босалоҳият ва ё бесалоҳият намешавад, истифодаи китобу матн ба салоҳиятмандии худи омӯзгор вобаста аст.

Яке аз муҳимтарин омилҳои муайян кардани салоҳиятмандии омӯзгор таҳияи пурсишнома ва тавассути он муайян кардани фикру андешаҳои донишҷӯён дар бораи омӯзгор аст. Натиҷаҳои ин пурсиш на барои маломату мазаммати устод, балки барои расонидани ёрии методии ҳадафманд ва мусоидат ба рушди касбии ӯ бояд истифода шавад.Дар шароити кунунӣ масъалаи асосӣ на дар миқдори соатҳои таълимӣ, балки дуруст ба роҳ мондани методикаи таълим аст. Исботи равшани ин ақида он аст, ки бо вуҷуди 11 сол забони тоҷикӣ, 10 сол забони русӣ ва 9 сол забони хориҷӣ хондан хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ин забонҳоро дар сатҳи зарурӣ аз худ намекунанд.
Нуктаи хеле ҷолибе, ки мавсуф дар охири суханронӣ махсус таъкид намуд, чунин буд: Албатта, таҳлилу омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешқадам муҳим ва муфид аст. Аммо кӯшиши нусхабардорӣ кардани он, таҷрибаи дигаронро дар кишвари худ айнан татбиқ намудан на ҳамеша дуруст ва ҳатто баъзан хатарнок аст, зеро барои татбиқи таҷрибаи ягон кишвари пешрафта ба мо захираҳое лозим мешаванд, ки дар он кишвар мавҷуданд, шахсоне лозиманд, ки ба тарзи дигар андеша меронанд, ниҳоят ҳамон навъи тафаккуре лозим аст, ки дар асоси он таҷрибаи мавриди назар татбиқ мешавад. Ба итминони комили мо, бисёр саъю кӯшишҳои мо дар гузаронидани ислоҳот, аз ҷумла, дар соҳаи маориф (масалан, татбиқи маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва низоми кредитии таълим дар муассисаҳои олии касбӣ), пеш аз ҳама, ба он сабаб то ҳоло натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд, ки мо мехоҳем низомро тағйир диҳем, аммо барои тағйир додани тафаккури худ, муносибати худ кам фикр мекунем, шароити ҳақиқии кишвари худ, захираҳои инсонӣ ва кадрӣ, имкониятҳои молиявӣ ва моддии худро ба назар намегирем.
Дар заминаи гузориши муфассали устод Байзоев Азим муҳокима ва табодуи афкори муфид сурат гирифт. Қайд шуд, ки гузаронидани чунин табодули афкор аз муҳимтарин роҳҳои рушди касбияти устодон аст, зеро мо аз ҳамдигар меомӯзем. Дар хотима қарор дода шуд, ки гузаронидани чунин семинарҳои илмӣ-методӣ дар мавзуъҳои муҳимми соҳаи таълиму тарбия ба ҳукми анъана дароварда шавад.