МАСЪАЛАҲОИ ТАРҶУМА ДАР ЗАБОНШИНОСӢ

629

Имрӯз (25.11.2020) дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар мавзӯи «Масъалаҳои илмию назариявии тарҷума дар забоншиносӣ» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р.А. оғоз ёфт. Баъдан номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети мазкур Т.С. Талабов дар мавзӯи «Тарҷума ва навъҳои он дар забоншиносӣ», номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи мазкур Т.Б.Ҷумаев «Шеъри муосири фаронса ва тарҷумаи он дар забони тоҷикӣ» ва ассистенти кафедра Ш.Б.Назиров дар мавзӯи «Тарҷумаи истилоҳоти ҷуғрофии минтақаҳои фаронсавизабони Канада» суханронӣ намуданд.

Дар интиҳои нишаст оид ба мавзӯъҳои баррасишуда саволу ҷавоб сурат гирифт.