МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАЛАБИ ЗАМОН

182

Дар доираи нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ бо ташаббуси факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултет доир гардид.

Чорабинии мазкурро декани факултет, дотсент Шодиев Рустам оғоз бахшида, терроризм ва экстремизмро аз умдатарин муаммоҳои ҷаҳони муосир номид. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, доимо дар сангари ин муборизаҳо қарор дорад.

Сипас Полковники милитсия Акрамзода Сайидислом Сайидикром доир ба пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуррӯҳҳои ифротӣ сухан намуда, зикр кард, ки терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёт буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Дар идома лейтенанти калони милитсия Ҳусайнзода Салимҷон доир ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, дурӣ ҷустан аз амалҳои номатлуби ҷомеа сухан намуд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат, инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.