НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ТАЪЛИМИИ ЗАБОНИ ЧИНӢ

71

Дар таърихи 19.12.2023 дар кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, “Намоиши дастовардҳои таълимии забони чинӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур декани факултет дотсент Шодиев Р.А., муовини декан оид ба илм дотсент Абдулҳадов Ҷ.З., раиси шурои илмӣ – методии факултет муаллими калон Латипов А.Д., дотсенти кафедраи филология Эрон Ҷобиров Д.Ю., мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент Маҳмадов Ҷ., омӯзгорони забони чинӣ Ли Ҷиенҷун, Хуа Бин, Асозода Ҳусайнӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни ихтисоси забони чинӣ ширкат варзиданд.

Дар оғоз декани факултет дотсент Шодиев Р.А. ҳозиринро шодбош гуфта бо дастовардҳои донишҷӯён дар самти омӯзиши забони чинӣ аз наздик шинос гардид ва устодону донишҷӯёнро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд

Сипас дар бахши фарҳангии маҳфил донишҷӯён бо забони чинӣ саҳнаҳои театрӣ ва суруду шеърҳоро пешниҳоди ҳозирин намуданд.