НУҚСОНИ ҚАРНИ МУТАРАҚҚӢ

192

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо суръати равшанӣ пешрафт дорад. Тараққиёти илму техникаи муосир сатҳи зиндагии мардумро осон намуда, дар тамоми соҳаҳо ба инсонҳо имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд. Аммо чуноне, ки дар урфият “Моҳ беайб нест” гуфтаанд, ҷаҳони имрӯза низ дар баробари тараққиёту пешрафт ва сатҳи зиндагии осон дорои нуқсонҳои чашмрас аст. Тероризм ва экстремизм аз қабили ҳамиин нуқсонҳои имрӯза мебошанд.

Дар охири қарни XX ва ибтидои асри XXI дар раванди тараққиёти босуръат инсоният ба хатари ҷиддие, мисли тероризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунанд. Ин ду ақидаи номатлуби қарни навин ҳосили як-ду соли охир набуда, аз замонҳои қадим дар шаклҳои гуногун вуҷуд доштанд. Ҳатто баъзе донишмандон ба ин ақидаҳо ба назари мусбат менигаристанд. Аммо аз ибтидои асри XXI сар карда, ин ду ҳаракати хатарафзо авҷ гирифтанд.

Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он –тероризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, хатари минтақавию байналмилалиро ба бор меоварад ва дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад. Дар замони муосир ин падидаҳои манфӣ симои навро ба худ гирифта, моҳияти он шакли муташаккилу мураккаби зоҳиршавиро ба худ касб намудааст. Дар ҳама давру замон терроризм ва экстремизм чун таҳдиди хавфнок барои инсоият ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мемонад. Оқибати ногувори он садҳо ҳазор мардуми осоишта ҳастанд, ки қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ мегарданд.

Имрӯзҳо амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба ҳастии инсоният гардида истодааст. Барои онҳо ҳама гуна арзишҳои инсонӣ бегона буда, имрӯз ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористӣ эмин буда наметавонад.

Аъмоли мудҳиши террористиву экстремистии вақтҳои охир, аз ҷумла дар кишварҳои исломӣ бештар ба чашм мерасанд. Махсусан, воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Афғонистон, Ироқ, Сурия, Покистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо Фаронса, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хӯрдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пойдор намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.

Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамоянд.

Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати дунявӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд.

Имрӯз чаҳони ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини Ислом анҷом дода мешаванд.

Созмону ҳаракатҳо ва гуруҳҳои “Ал-Қоида”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Толибон”, “ДОИШ”, “Ансоруллоҳ”, “Салафия” ва амсоли инҳо, аз тарафи як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ чун ташкилотҳои террористӣ-экстемистӣ эътироф гардиданд. Ҳадафи аслии онҳо бо паҳн намудани фаъолияти худ тавассути анҷом додани амалу кирдори ҷиноятпеша эътибори сиёсӣ пайдо намудан мебошад.

Он ҳам боиси нигаронӣ аст, ки гуруҳҳои террористӣ ва тундгаро аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ, гумроҳсозии одамон ва ҷалби онҳо ба сафи худ васеъ истифода бурда, ба таври фосилавӣ татбиқи амалҳои харобиоварашонро омода ва идора менамоянд.

Терроистону экстремистон, хоинону ватанфурӯшон ҷиҳод алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдиёрону ҳамватанони худ. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст.

Ҳамаи воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ҳатто тақдири тамоми аҳди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот сохтанд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надораду ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Аз ин рӯ, ҳар як сокини сайёраро,аз ҷумла ҷавононро месазад, ки бо аз бар намудани донишҳои муосири зарурӣ ва иродаи қавӣ бар зидди ин вабои аср мубориза баранд. Зеро танҳо бо муборизаи як ё ду созмонҳои ҷаҳонӣ ё ин ки як ё ду нафар матлаби асосӣ ба даст нахоҳад омад.  

Фарзона Шокирҷонзода,Донишӯи курси 2, факултети забонҳои Осиё ва Аврупо