ҶОЙГОҲИ ТАЪРИХИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

15

Забон яке аз василаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳои гуногуни дунё низ мебошад. Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши бориз дорад. Аслан, забон нишонаи асосии миллат ва пояи арзишманди давлатдорӣ дар ваҳдат, ягонагӣ ва умумияти миллист. Ҳамин далел собит месозад, ки вақте давлатҳои хурду бузург пайдо мешаванд, пеш аз ҳама барои устувор сохтани рукнҳои давлатдории худ ба асолати дохили миллӣ рӯ меоранд.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини дунё буда, дар гузашта бо номҳои форсӣ, форсии дарӣ маълум буд. Забони тоҷикӣ дар тули садсолаҳо на танҳо забони мардуми эронинажод, балки забони расмии давлатҳои муғулнажодону турктаборон дар Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ, Туркия ва дигар мавзеъҳо ба шумор мерафт.

Маҳз бо ишора ба мақоми таърихии забони тоҷикӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Сарчашмаҳои аҳди бостон перомуни таърихи сеҳазорсолаи забони тоҷикӣ маълумот медиҳанд, ки ин забон дар осори хаттӣ бо номҳои мухталиф-порсӣ ё форсӣ, дарӣ ёд шудааст. Донишмандон бар ин ақидаанд, ки забони дарӣ тақрибан дар асрҳои IV-V мелодӣ дар Бохтар (шимоли Афғонистон-Бадахшон, Балх, Бағлон, Ҳирот, Парвону Кобул), ки бештари аҳолии он ҷойҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд, пайдо шудааст.

Устод Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааст: «Аз бозе, ки воқеаҳоро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароҳуннаҳру Туркистон як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ки забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст.

Қобили тазаккур аст, ки омили ваҳдатофар будани забони тоҷикӣ ба зуҳури сулолаи Сомониён ва ташаккули давлати тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Воқеан, дар давраи Сомониён забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) дар Шарқи Эронзамин, яъне Мовароуннаҳру Хуросон, мақоми давлатӣ пайдо намуда, рушду нумӯи беандоза пайдо кард. Ин давлатдорӣ ба ташаккулу таҳаввули тамаддуни форсӣ-тоҷики саҳми бузург гузошт. Дар аҳди Сомониён бо ин забони вологуҳар осори зиёди илмию адабӣ таълиф ёфтааст. Ба вижа, хидмати ин забон дар пайдоиш ва рушду камоли адабиёт басо бузург арзёбӣ мегардад. Дар ин давраи тақдирсози мардуми тоҷик сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Бухорову Самарқанд бо эҷоди ашъори ғаноманди худ поягузори адабиёт гардид.

Таърихи башарият, бахусус, таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки гузаштагони соҳибдавлати мо кӯшиш мекарданд, ки барои устувор сохтани бунёди давлат ва фароҳам овардани шароити давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз ин унсури муҳим- забон истифода бурда, ҳамзамон барои рушду таҳаввул ва густариши он тадбирҳои мушаххас биандешанд. Дар робита ба ин, мардуми тоҷик маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ифтихори баланди миллии худ барои равнақу инкишофи забони модарӣ ҷоннисориҳои зиёд намуда, бо тадбирҳои дурбинона ҷиҳати муназзам ва пайваста ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ баровардани забони аслии хеш талош варзиданд.

Бо забони тоҷикӣ-форсӣ осори гаронмояе офарида шудааст, ки муҷиби шуҳрати оламшумул пайдо кардани он гардидааст. Дар ин замина таъкид ҷоиз аст, ки дар радифи устод Рӯдакӣ садҳо шоирону адибон, олимону донишмандон, санъаткорону меъморон ва арбоби давлатӣ, аз қабили Абулқосими Фирдавсӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Носири Хусрав ва дигарон ба майдони ҳунар ворид гардида, бо хидматҳои шоистаи хеш ҷиҳати тақвият ёфтани пояҳои забони тоҷикӣ хидматҳои мондагор кардаанд, Аз ин лиҳоз, забони тоҷикӣ-форсӣ дар тули беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст. Ҳамон гуна ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: «Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва гузаштаи адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштааст».

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият, ин ба арсаи сиёсат ворид гардидани фарзанди барӯманди ин сарзамин Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ робитаи қавӣ доранд. Аз лаҳзаҳои аввали сарвари давлат интихоб гардидани ин сиёсатмадори хирадманду дурбин забони тоҷикӣ нуфузу эътибори хос пайдо кард. Аз ҷониби ин абармарди майдони сиёсат таълиф гардидани китоби маъруфи “Забони миллат – ҳастии миллат” худ шаҳодати боризи манзалати забони модарӣ дар пешорӯи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад.

Раҷабова М.Т. – доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи филологияи араби ДМТ