ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДА

157

Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳти унвони “Пояи давлат намонад бемаориф устувор…”, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, донишҷӯи  соли 4 –уми ихтисоси забони англисии кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Почоева Мудариса Абдулҳакимовна фаъолона иштикор карда сазовори ҷойи III (сеюм) гардид ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд.

Барои ғолибият ба даст овардан, садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Почоева Мудариса Абдулҳакимовнаро бо самимияти беандоза муборакбод мегӯяд.