ПАЁМ – РОҲНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

96

Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешванд, зеро Паём ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллат эътирофшуда, дар он натиҷаҳо баррасӣ шуда, ҳадафҳои рушди оянда барои ҳама соҳаҳо муайян карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар Паёми имсола бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Зиёд намудани маъоши командони соҳа нишон медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушди маориф ва дастгирии омӯзгоронро дар қатори масъалаҳои муҳим гузошта, ба сатҳу сифати таълиму тарбия даққати аввалиндараҷа медиҳанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, мо омӯзгоронро мебояд дар соҳаи таълиму тарбия ҷиҳати таҳияи барномаҳои нави ба талаботҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ, таҳияи китобҳои дарсие, ки аз ҷиҳати равонию педагогӣ дар тинати хонандагон ҳиси баланди миллӣ эҷод мекунанд, пайваста кӯшиш намоем. Мутахассисҳои сатҳи баландро дар ҳама соҳаҳо омода намоем.

Инчунин дар Паёми имсолаашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо новобаста ба шароити мураккаби ҷаҳони муосир Тоҷикистони азизи рӯз то рӯз пеш рафта истодааст ва кишвари моро дар ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун кивари сулҳхоҳ, ташаббускор ва созанда эътироф намудаанд.

Наҷмиддинов А.Ф., мудири кафедраи мутолиоти аврупоии ДМТ, дотсент