ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

145

Муҳимтарин бахше, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 зикр гардид, самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Возеҳ аст, ки маориф ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оваранд, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ доранд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст.

Бо ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи мутахассисон ва сатҳу сифати касбии онҳо ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар бозори меҳнат рақобатпазир, ки вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб мешавад, таъкид менамоянд. Пешвои миллат дар суханрониҳояш пайваста ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диқати ҷиддӣ ва аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Аз ҷумла дар Паёми имсола муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, «авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзун ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Бо ҳамин мақсад Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ низ чун дар Паёмҳои пешина диққати асосиро ба соҳаи маориф равона сохтанд.

Баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба ҳаҷми40% далели ин гуфтаҳост. Ин моро бори дигар водор менамояд, ки нисбат ба вазифаи хеш бомасъул бошем сатҳи дониши худро баланд бардорем, кадрҳое тарбия намоем, ки дар оянда барои ватанамон саҳмгузор бошанд.

Дар ҳақиқат, донистани забонҳои гуногун ба мутахассисони мо имконият медиҳад, ки аз мутахассисони мамолики пешрафта бештар омӯзанд. Хусусан, донистани забонҳои русию англисӣ хеле зарур аст ва ин, мо, омӯзгоронро водор месозад, ки шавқи забономӯзиро дар қалби шогирдонамон бедор кунем. Итминони комил дорам, ки тамоми кормандони донишгоҳ барои аз даст надодани чунин боварӣ дар оянда низ софдилона меҳнат намуда, дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳми сазовор гузорем.

Барҳақ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем.

Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон, дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд.

Дар ин радиф бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ, беҳтар намудани таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини шароити мусоид ба раванди таълим, ташаккули шахсиятҳои донандагони забонҳо дар факултет синфхонаҳои омӯзиши забони хориҷӣ хуб ба роҳ монда шуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълими забономӯзӣ аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба тамоми кушишу малака ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин бояд тазаккур дод, ки донистани забонҳои хориҷӣ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба омӯзиш ва такмили он дар асоси Барномаҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Мо, олимон, омӯзгорон ва аҳли зиё бояд ин нуктаҳои Паёмро роҳнамои фаъолияти илмию омӯзгории хеш қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудан ва ба зинаи имрӯзаи илми муосир расонидани донишҷӯёни тоҷик набояд малакаю таҷрибаю заҳмати хешро дареғ дорем. Дар доираи суханони пурмуҳтаво ва дастури оқилонаю олии Пешвои миллат ва барои ба сатҳи баланди илмӣ ва забондонӣ расидан, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён зарур аст.

Аз ин лиҳоз моро мебояд фаъолияти худро ба боз ҳам шукуфову гулафшон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намуда, бо иродаи қавӣ ва аз сидқи дил хизмат намоем.

Шодмон Сайдализода,и.в. декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо