ПУРСИШНОМА ДАР САМТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ГУЗАРОНИДА ШАВАД…

206

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди таҳлил қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ дар самти дуруст тақсим намудани соатҳои фаъолу ғайри фаъол, қабули корҳои курсию дипломӣ, таҳлили мавзуъҳои рӯз дар корҳои дипломию рисолаҳои илмӣ ва худдорӣ аз мавзӯъҳои такрор, инчунин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҷалби донишҷўён ба чорабиниҳои байналмилалӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дод. Зимнан изҳор дошт, ки агар мушкилиҳои мазкур бартараф карда шавад, имкони хуб ва дастовардҳои назаррас дар фаъолияти факултет рӯйи кор меоянд.Мушкилии дигаре, ки мавриди таъкиди ҷиддӣ қарор гирифт, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос буд. Яъне, бо истифода аз мактаби устодони соҳибтаҷриба барои омӯзгорони ҷавон курсҳои методикаи таълим гузаронида шавад ва бо ин усул маҳорати омӯзгорони ҷавонро такмил бояд дод.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар факултет забонҳои хориҷӣ дарс дода мешавад ва бояд миёни донишҷӯён пурсишнома гузаронида шавад, ки аз дарсҳои омӯзгорони фанҳои забонҳои хориҷӣ чиро интизоранд ва чӣ мехоҳанд. Дар ин самт мудирони кафедраҳо бояд усулҳои нави кориро пеш гиранд ва роҳҳои муосири забономӯзиро ёбанд ва мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ тайёр намоянд.Ҳамин тавр, ректори донишгоҳ ба садорат ва масъулини факултет дар самтҳои илм, таълим, тарбия ва робитаҳои байналмилалию ҳоҷагидорӣ дастурҳои мушаххас дода, афзуд, ки таҳияи нақша-чорабинии факултетивӣ дар робита ба ислоҳи камбудиҳои мазкур омода гардад.