ШИНОХТИ УМАРИ ХАЙЁМ АЗ НИГОҲИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҲИНД

311

Умари Хайём дар баробари он ки ҳамчун ҳакими донишманду беназир, риёзидону мунаҷҷим, фазошиноси беҳамто ва файласуфи нуктасанҷ шуҳрат дошт, илова бар ин бо эҷоди жанри маҳбуби замон рубоиҳои баландмазмуни худ дар байни ақвоми Шарқу Ғарб ва тамоми олам шуҳрати ҷовидона пайдо кардааст. Мавзуи эҷодиёти Хайём комилан гуногун буда, дар меҳвари он тасвири инсон ва мақому манзалати баланди ӯ дар байни дигар офаридаҳои табиат ва аз ҷумла, афзалияти он дар рӯи замин меистад. Ӯ инсонро бо як муҳаббати бузургу хосса ситоиш намуда, ба худшиносӣ, талқини шуҷоату мардонагӣ, истифодаи умру ғаниматшумории он ҳидоят менамояд.

Хайём тамоми сомеони замонро бо ашъори нотакрору бемисоли худ сари таъзим овардааст. Чунончи қаблан Фирдавсии бузург андар эҷоди асари безаволи худ “Шоҳнома” ин амалро иҷро намуда буд, ки ин ҳолатро Ибни Ямини Фарюмадӣ чунини ба қалам овардааст:

Сикккае, к-андар сухан Фирдавсии Тӯсӣ нишонд,

Кофирам, гар ҳеҷ кас аз зумраи форсӣ нишонд.

Аввал аз болои курсӣ дар замин омад сухан,

Ӯ суханро боз боло бурду дар курсӣ нишонд.

Ва бояд иқрор шуд, ки Хайёми бузург низ, аз ин гуфтаҳо истисно нест. Маврид ба зикр аст, ки рубоиёташ, бахши зиндагиаш, афкори фалсафиаш ва инчунин корномаҳои илмии ӯ асрҳои зиёд инҷониб, таваҷҷуҳи на танҳо олимону муҳаққиқонро балкӣ, ҳамаи дӯстдорони адабиёти Шарқу Ғарбро чун як оҳанрабо ба худ ҷалб намудааст. Имрӯз дар ҷаҳони пуртазоди ҳамаи кишварҳои олам халқиятеро наметавон пайдо намуд, ки бо рубоиёти газанднопазиру оламшумули ин шоири нодирагуфтор ошноӣ надошта бошанд. Ҳақиқатан ҳам рубоиёти Хайём шуҳрати ҷаҳониро ба худ касб карда, дар рушду такомули маънавиёти аҳли башар новобаста аз наслу нажод, дину мазҳаб оину фарҳанг ва гуногунии миллатҳо адои хидмат дорад. Муҳаққиқони барҷастаи адабиёти ҷаҳонӣ асарҳои офаридаи Умари Хайёмро мухлисона ба забонҳои гуногун тарҷума намудаанд. Олимони тамоми минтақаҳои форсизабонони ҷаҳони муосир аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, ва Осиёи Марказӣ инчунин кишварҳои Анатолиё, Қафқоз ва нимҷазираи Ҳинду Покистон аз эҷодиёти ӯ фаровон баҳра бурда, мақолаву рисолаҳои гуногуни илмӣ тадқиқотӣ эҷод намудаанд.

Олимону муҳаққиқони бузург ибтидо аз Эдвард Фитзҷералд (1809-1883, шоири англис, ки бештар чун тарҷумони рубоиёти Умари Хайём машҳур аст.), Ҳариванш Рай Баччан ва баъдан Г.Р. Ван Ден Берг, Д.П. Брукшоу, Ҷ.Т.П. Дэ Брюйн, Н. Чалисова, Д.Дэвис, Ф.Д. Люис, Л.Люисон, С.Макглинн, Ч. Мелвилл, Д. Ван Руймбеке, С. Шарма, К.Талаттоф, З.Весел, Р.Зиполиро аз муваффақтарин хайёмшиносон ва тарҷумонони рубоиётҳои Умари Хайём ном бурдан мумкин аст.

Яке аз роҳҳои дигари муваффақияти ба олам машҳур гардидани рубоиёти Умари Хайём аз тарҷумаҳои шоири англисзабон Эдвард Фитзҷералд вобастагӣ дорад, зеро тарҷумаи офаридаи ӯ аз рубоиёти Хаём кулли ҷанбаҳои фалсафии онро баён намудааст. Ҳамин нуқтаро зикр кардан ба маврид аст, ки Фитзҷералд аввалин шоири англис нест, ки рубоиёти Хайёмро тарҷума намуда бошад, вале ин шоир ҳангоми тарҷума тамоми хусусиятҳои олами аслӣ, маҷозӣ, фазоӣ ва фалсафаи қазову қадари онҳоро ба тамоми ҷаҳон расонида тавонистааст. Қобили зикр аст, ки таваҷҷуҳи Фитзҷералд ба рубоиёти Хайём аз профессори забони санскрит дар Кембриҷ Э.Б. Коуэлл, оғоз гардидааст, ки ӯ соли 1856 дар китобхонаи Бодлиани Оксфорд дастнависи асри XV-ро аз ашъори рубоиёти Хайём дарёб мекунад, ки он аз 158 рубоӣ иборат буд.

Бояд ёдовар шуд, ки Эдвард Фитзҷералд дар китоби худ қайд мекунад, ки яке аз сабаҳои асосии ошно гардидани ӯ бо рубоиёти Умари Хайём саҳми устоди забони форсии ӯ профессор Иҷӣ Коввел мебошад. Ӯ зодаи шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон будааст.

Дар сарзамини Ҳинд шоир ва адиби барҷаста-Ҳариванш Рай Баччан (1907-2003) низ яке аз он зумра муҳаққиқоне мебошад, ки бевосита ба тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём даст задааст. Ба андешаи олимон ва адабиётшиносони Ҳинд яке аз сабабҳои машҳур гардидани Баччан маҳз вобаста ба он аст, ки ӯ рубоиёти Умари Хайёмро низ аз забони англисӣ ба забони ҳиндӣ тарҷума намуд. Дар адабиёти Ҳиндустон танҳо Баччан аввалин тарҷумони рубоиёти Хайём нест, балки то замони ӯ ва дар замони эҷоди Баччан низ шоирони гуногунзабони Ҳиндустон ашъори Хайёмро тарҷума ва таҳқиқ кардаанд, вале мусалламона бояд гуфт, ки ҳеҷ як аз ин тарҷумаҳо, ба тарҷумаи Баччан баробар шуда наметавонанд.

Иловатан, бояд қайд кард, ки дар самти хайёмшиносии Ҳинд низ саҳми босазои Эдвард Фитзҷералдро ёдовар шудан ба маврид аст, зеро Баччан рубоиётҳои Умари Хайёмро аз тарҷумаҳои ӯ тарҷума намудааст.

Баччан то ба дараҷае, дар умқи рубоиёти Хайём фурӯ рафта буд, ки пас аз анҷом додани тарҷумаи рубоиёти Хайём асари машҳури худ “Мадҳушала” (मधुशाला) (1935) – ро ки аз “Рубоиёт”-и Умари Хайём илҳом гирифта буд, эҷод намудааст, ва маҳз ин асар ба шоир шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидааст. Ғайр аз ин, Баччан дертар ҳамчун шоири навовар дар адабиёти Ҳиндустон асарҳои пайравона ба Хайёмро чун “Мадҳубала – (मधुबाला) (1936)”, “Мадҳукалаш” (मधुकलश) (1937) ва “Ҳалаҳал” (हलाहल) эҷод намудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки шоири дигари маъруфи ҳамзамони Баччан – Сумитранандан Пант (1900-1977) низ, пас аз тарҷумаи рубоиёти Хайём ба ӯ пайравӣ намуда, “Мадҳуҷвал” (मधुज्वाल) ном асар навиштааст, ки ин асар ҳам дар самти хайёмшиносии Ҳиндустон саҳми худро дорад.

Ҳамчунин мувофиқи ақидаҳои баъзе аз олимон яке аз шоирони машҳури адабиёти навини Ҳиндустон Майтҳилӣ Шаран Гупта (1886-1964) низ ба тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём даст зада то ба андозае низ муваффақ гардидааст.

Дигар олим ва муҳаққиқи Ҳиндустон йоги машҳур Парамаҳанса Йогананда (1893-1952) тафсири мукаммали рубоиёти Умари Хайёмро эҷод намудааст. Ӯ дар тафсири худ пардаи пурасрори моҳияти ирфонии осори ин шоири классикии адабиро ошкор мекунад.

Йогананда дарк кардааст, ки асоси таълимоти динҳои гуногун ҳақиқати як воқеияти сарнавишти бани одамист. Маҳз ҳамин ҷаҳонбинӣ ва нуқтаи назар ба ӯ имкон дод, ки робитаи амиқи таълимоти илми йогаи қадимии Ҳиндустон ва эҷодиёти яке аз бузургтарин шоирони ирфонии ҷаҳони фалсафа Умари Хайёмро равшан кунад. Зеро дар офаридаҳои Умари Хайём муҳимтарин масъалаву муаммоҳои рӯзгори инсонӣ аз қабили: ғанимат донистани умр, муҳаббати самимӣ, фазову вақт, қазову қадар, иҷтимоиёт, баҳравар гардидан аз зебоиҳои табиат, васфи ишқи поки инсонӣ, саховатмандиву накӯкорӣ аз ҷумлаи мавзӯҳоест, ки дар рубоиҳои ин ҳакими рубоисаро мақоми хоссаро касб кардаанд.

Имрӯзҳо ҳифз ва нигаҳдории дастхатҳои қадимаи ашъори Умари Хайём дар кишвари Ҳиндустон маҳз аз эътирофу эътибори осори пурғановати ин шоири барҷастаи форсу тоҷик дарак медиҳад. Барои исбот, метавон нусхаи дастхати қадимтарини рубоиёти Умари Хайёмро, ки ба соли 1432 мелодӣ рост меояд, ва китобати он аз тарафи Муҳаммади Мозандаронӣ анҷом дода шудааст, ки дар китобхонаи шахсии Горӣ Прасад Саксена ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад метавон мисол овард.

Ҳамчунин, нусхаи дигари нодири рубоиёти Умари Хайём дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон алалхусус дар китобхонаи шахсии Муншӣ Девӣ Прасад ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад ва муҳимияти илмии ин нусха дар он аст, ки ороиши миниатурии онро Камолиддин Беҳзод анҷом додааст.

Тадқиқот ва пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ашъори ҳеҷ шоири форсизабон ба забонҳои дигар ба ҷуз рубоиёти Хайём ин қадар паҳну доманадор тарҷума нашудааст. То ба имрӯз рубоиётҳои Умари Хайём ба 40 забони хориҷӣ тарҷума шудаанд. Дар мавриди ин гуна тарҷумаҳо зикр кардан ба маврид аст, ки нахустин тарҷумони рубоиёти Хайём ба забони урду муҳаққиқ Раҷа Макҳан Лал ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки Раҷа Макҳан Лал тарҷумаи рубоиёти Умари Хайёмро ба забони урду соли 1844, яъне пеш аз Эдвард Фитзҷералд анҷом додааст.

Рубоиёти Умари Хайём ба хонандагони сарзамини Ҳинд чунон писанд омада аст, ки ба ғайр аз забони ҳиндӣ, он ба забонҳои санскрит, урду, гуҷаротӣ, тамилӣ, телугу, маратҳӣ, банголӣ ва дигар забонҳои вилоятҳои Ҳиндустон тарҷума намудаанд. Қобили қайд аст, ки тарҷумаҳои рубоиёти Хайём ба забонҳои гуногуни Ҳиндустон, бархе аз забони форсӣ ва баъзе аз забони англисии Эдвард Фитзҷералд баргардонӣ шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар ду даҳсолаи охир дар бораи рӯзгори Хайём ва рубоиётҳои ӯ беш аз 50 асарҳои тарҷумашуда ё китобҳои ба ин монанд нашр шудаанд.

Умуман дар адабиёт, аз байни ҳамаи ин адибону шоирон ва тарҷумонҳои рубоиёти Хайём танҳо ду нафар номи худро чун хайёмшиносони бузург насб намудаанд, ки яке Эдвард Фитзҷералд ва дигаре Ҳариванш Рай Баччан мебошанд.

Дар охир мехоҳам, чанде аз рубоиётҳои Умари Хайём ва дар пайравии ӯ рубоиёти шоири муосири Ҳинд Ҳариванш Рай Баччанро ҷиҳати муқосиса намудан пешниҳоди хонандагон гардонам:

Хайём:Май хўрдану шод будан оини ман аст,

Фориѓ будан зи куфру дин дини ман аст.

Гуфтам ба арўси дањр: « Кобини ту чист?»

Гуфто: «Дили хуррами ту кобини ман аст.»

Баччан:एक बरस में, एक बार ही जगती होली की ज्वाला,

एक बार ही लगती बाज़ी, जलती दीपों की माला,

दुनियावालों, किन्तु, किसी दिन आ मदिरालय में देखो,

दिन को होली, रात दिवाली, रोज़ मनाती मधुशाला।।२६।

Хайём:Як даст ба Мусҳафему як даст ба ҷом,

Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.

Моем дар ин гунбади фирӯзарухом,

Не кофири мутлақ, на мусалмони тамом.

Баччан:मुसलमान औ’हिन्दू है दो, एक, मगर, उनका प्याला,

एक, मगर, उनका मदिरालय, एक, मगर, उनकी हाला,

दोनों रहते एक न जब तक मस्जिद मन्दिर में जाते,

बैर बढ़ाते मस्जिद मन्दिर मेल कराती मधुशाला!।५०।

Хайём:Рўзе, ки ду мўњлат аст, мехўр майи ноб,

К-ин умри гузашта дарнаёбї, дарёб.

Донї, ки љањон рў ба харобї дорад,

Ту низ шабу рўз ба май бош хароб.

Баччан:कर ले, कर ले कंजूसी तू मुझको देने में हाला,

दे ले, दे ले तू मुझको बस यह टूटा फूटा प्याला,

मैं तो सब्र इसी पर करता, तू पीछे पछताएगी,

जब न रहूँगा मैं, तब मेरी याद करेगी मधुशाला।।७१।

Хайём:Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,

Ҳар як паи якдигар якояк шаванд.

Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд.

Баччан:कितनी आई और गई पी इस मदिरालय में हाला,

टूट चुकी अब तक कितने ही मादक प्यालों की माला,

कितने साकी अपना अपना काम खतम कर दूर गए,

कितने पीनेवाले आए, किन्तु वही है मधुशाला।।११६।

Мубирхони Мӯминпур,унвонҷӯи соли авваликафедраи филологияи Ҳинд