«ШОҲНОМА»– ҲАДЯИ ШОҲОНА БА ҲАР ХОНАДОН

64

Асрҳо тоҷик сарони бесар, афзун дида буд,

Сарваре сардор омад, сарбадораш мешавам.

Ҳадяи навбатии Пешвои миллат Сарвари тоҷикони ҷахон Ҷаноби олӣЭмомалӣРаҳмон – асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба ҳар як хонадони тоҷик мебошад.

Ин некамали хирадмандонаву дурандешу дурнамои наздикбини Асосгузори сулҳу осоишу ободии Точикистон корест савоб ва нақшаест ба икдому дастурҳои тарбиявию фаҳангие ҳидоят мекунад ва ҷавхари он сарҷамъ кардани тоҷикони ҷаҳон, фароҳам овардани заминаи таърихиву маънавӣдар тарбияи худшиносиву ягонагиву якдилии ҳар як хонадони тоҷик мебошад.

Чун «Шоҳнома» асари бадеии аз замони китобаташ то имрӯзи мо вазифаи таърихнигорӣ, ҳуҷҷатнигориро таҷассумкунанда ва ифодагар аст, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳамияти бештаре соҳиб гаштааст.

Ман аминам, ки Пешвои муаззами мо баъди нашр ва дастраси ҳар як хонадони тоҷик гардидани «Шоҳнома»–и Ҳаким Фирдавсӣ боз некамалҳои минбаъдаеро низ пешбинӣ кардаанд.

Ва пай мебарам, ки нақшаи дурнамоии хирадмандонаи чорабиниҳои Ҷаноби олӣ хеле зиёд аст.

Танҳо гуфтаниам, ки чун «Шоҳнома»– маснавии таърихиву маънавӣ, асари манзум аст, усули қироати хоси худро соҳиб аст.

Достонсароӣ як шохаи қиссахонӣ мебошад, бо усулу тарзи хоси худ, зарбу оҳанги хоси зебандаи худ қироат мешавад.

Бинобар ин дар дарсҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои олӣ, маҳфилҳои адабиву илмӣ ва дигар имкониятҳои омӯзиши усули хоси «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ карда шавад, онгоҳ ба некамалҳои минбаъдаи нашру дастрасии мутолааи «Шоҳнома» ҳуснбахш хоҳад гардид.

Ифтихор мекунам, ки дар рӯзҳои начандон дур навбати мутолиаи «Шоҳнома»–и Ҳаким Фирдавсӣ насибам мегардад.

Вақте бо наберагонам «Тоҷикон»–и Аллома Бобоҷон Ғафуровро мехондем, азбаски бисёр калимаву ибораҳо, ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ барояшон душворфаҳм буд, барои осонгардидани дарки мавзуъ тавзеҳу ташреҳ медодам. Аз ин рӯ, дар тозанашри «Шоҳнома»– и Фирдавсӣ замимаи шарҳи ҳодисаву падидаҳои таърихӣ пешбинӣ шавад, бамақсад мувофиқ мегардад.

Давлати мо то тавонотар шавад ҳар рӯзу шаб,

Бо ҳунар, бо илму дониш иқтидораш мешавам.

Санавбар Худойдодова,устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо