ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ЗАБОНИ ҲИНДӢ” БО ИШТИРОКИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

163

Имрӯз (08.10.2022) бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, инчунин, ташаббуси кафедраи филологияи Ҳинди факултети мазкур “Рӯзи забони ҳиндӣ”, чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ иштирок карданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент Шодиев Рустам оғоз ёфт.

Нахуст сардори раёсати илми ДМТ Рустам Наботӣ суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаҳои гуногун рушд карда, дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги Ҳинд тадбирҳои муҳим андешида шудааст.

Сипас сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ перомуни баргузории “Рӯзи забони ҳиндӣ” андешаҳои хешро баён доштанд.Таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият додани самти илму маорифи ду кишвар, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Суханони табрикотии раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, профессори кафедраи филологияи Ҳинд Раҷабов Ҳабибулло ва устоди Донишгоҳи Алигарҳи Ҷумҳурии Ҳиндустон Муштоқ Аҳмад, ки айни замон дар кафедраи филология Ҳинд ба донишҷӯён забону адабиёти Ҳиндро меомӯзонад шунида шуд.

Бояд зикр кард, бо дастгирии сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии устодони кафедра: д.и.ф., профессор Раҷабов Ҳ. (“Ҷараёнҳои адабӣ дар адабиёти ҳиндӣ”, Душанбе: 2022 “ЭР-граф”, 84 с. ва “Тасвири воқеаҳои фоҷиавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд, Душанбе: 2022 “ЭР-граф”, 272 с.)  н.и.ф., дотсент Қурбонов Ҳ (“Тарҷумаи матнҳои сиёсӣ ва таърихӣ”, Душанбе: 2022  “ЭР-граф”, 124 с.), муаллими калон Ёрова С. (“Образи зан дар эҷодиёти Премчанд”, Душанбе: 2022  “ЭР-граф”, 212 с.), муаллими калон Латифов А. (“Инъикоси масоили иҷтимоӣ дар ҳикояҳои Меҳринисо Парвиз”, Душанбе: 2022 “ЭР-граф”, 180 с.) ва китоби равоншод Усмонов Мумтоз (“Забони санскрит”, Душанбе: 2022  “ЭР-граф”, 168 с.), ки ба нашр расиданд, рӯнамоӣ гардид.

Қисмати дигари ҳамоишро барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултет ташкил медод, ки бо як маҳорати баланди эҷодӣ гузаронида шуд.

smart
smart
smart
smart
smart