ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ҲИНДӢ

94

Имрӯз (21.10.2023) бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи забони ҳиндӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ иштирок карданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент Шодиев Рустам оғоз ёфт.

Нахуст ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ кард ва иброз намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бахшҳои гуногун густариш ёфта, дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги Ҳинд тадбирҳои муҳим андешида шуда истодааст.

Сипас сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ перомуни баргузории “Рӯзи забони ҳиндӣ” андешаҳои хешро баён доштанд.Таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият додани самти илму маорифи ду кишвар, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию пажуҳишӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Суханони шодбошии профессори кафедраи филологияи Ҳинд Раҷабов Ҳабибулло, мудири кафедраи филологияи Ҳинд, дотсент Қурбонов Ҳайдар ва устоди Донишгоҳи Алигарҳи Ҷумҳурии Ҳиндустон Муштоқ Аҳмад, ки наздики ду сол мешавад, ки дар кафедраи филология Ҳинд ба донишҷӯён забону адабиёти Ҳиндро меомӯзонад шунида шуд.

Бояд зикр кард, ки дар маҳфил китобҳои тозанашри профессор Раҷабов Ҳабибулло (“Ҳиндустон кишваре, ки бояд дид” /Бахшида ба 76-солагии истиқлоли Ҳиндустон ва 32-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон/, Душанбе: 2023 “ЭР-граф”, 271с. ва “Ҷиҳози арӯс /Маҷмуаи ҳикояҳо/, Душанбе: 2023 “ЭР-граф”, 271 с.), рӯнамоӣ гардид.

Бахши дигари маҳфилро барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултет ташкил медод, ки бо як маҳорати баланди эҷодӣ гузаронида шуд.