ТЕРРОРИЗМ – ХАТАР БА ҶОМЕА

282

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва экстремизм ба маънои васеъ моли як ду асри охир нест, балки дар ҳамаи замонҳо ин қувваи аҳриманӣ, бо номҳои мухталиф вуҷуд дошт ва бо роҳу воситаҳои гуногун ба ҳаёти одамон зарари худро мерасонд.

Ҳанӯз дар асри ХII ду роҳи омода кардани террористон мавҷуд буд: яке ба воситаи маводи мухаддир, ки аз онҳо “фидоӣ” месохтанд ва имрӯз низ ин усул аз ҷониби ташкилоти террористӣ ба кор меравад. Аз ин рӯ, маводи мухаддир на танҳо ҳамчун неруи молиявӣ, балки ҳамчун аслиҳа низ истифода мешавад. Дувум, бо роҳи таъсири равонӣ, яъне психологӣ ҷалб кардан ба ақоиди диниву мазҳабӣ бо назардошти афзалияти молӣ мебошад.

 Муҳаққиқон ҳангоми муайян кардани сабаб ва омилҳои таъсирпазири падидаҳои номатлуби ҷомеа, навъҳои мухталифи терроризм ва экстремизмро баён намуданд. Чунончӣ, терроризми сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайра.

 Ифротгароён бо шиорҳои динӣ баромад намуда, ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд. Аммо, ҳамаи ин ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона шуда, ҳеҷ робитаро ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чунин иброз медоранд: “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Дар ҷаҳони муосир ин равандҳо дар умум ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшиш кунанд, сулҳу ваҳдат ва амнияти кишварро ҳифз кунанд.

Шокирҷонзода Фарзона, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси арабӣ-англисӣ