ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ТУЛӮИ МЕҲРУ ВАФО

107

Тулӯи сулҳу ваҳдат барои мардуми тоҷик роҳу нишоти худро боз кард. Ин ибороти ваҳдати миллӣ шинаму гуворо буда, дар сар то сари Ҷумҳурӣ барои ҳар як фарди Ватан муқаддас ба монанди модар ба шумор меравад. Чӣ лаҳни шевову гуворо, чӣ аҷиб калимотест, ки бо шуниданаш дар лаб табассум пайдо мегардад ва ҳазорҳо қалби дилшикастаро таскин мебахшад.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама тараннумгар ва вассофи сулҳиву оромиро бо якдигарфаҳмӣ бо ҳам тавъам менамояд. Ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза бояд дар тарозуи ақлу хиради хеш мағзи худро атрофи ин ибора банду баст созад, то ин ки минбаъд, мафкураи ояндагонро барои дарки ин мафҳум устувор намояд.

Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

Иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан ва Роҳбари воломақом гувоҳӣ медиҳад.

Миллати тоҷик сарбаланду хушнуд аз он аст, ки бо роҳабарияти олии кишвараш дар тамоми олам шинохта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Ба ҳамин тариқ, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар бояд ин неъмати илоҳиро қадр намояд, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро бо доштани ин ганҷҳои нуҳуфта, миллату сарзамини мо ҳамешабаҳор мемонад.

Ваҳдати миллӣ шукуфоии кишвар аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд мекунад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоимиллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд:

“Мову шумо бояд якнуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқад- дас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.

Хулоса, аз сулҳу ваҳдати кишвари азизамон имрӯз меболем ва ифтихор мекунем. Домани сулҳу осоиштагӣ дар ин мулки ҳамешасабз ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди баруманди ин диёр устуворӣ бахшида, такягоҳ аст. Дар ин диёри биҳиштосо ваҳдати миллӣ шукуфону ҳамешабаҳор ва устувору пойдор, дар дилу дидаи ҳар як фарди миллат боқӣ хоҳад монд.

Маҳмадов Ҷовидон, мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо

Ҷумаев Т. Б., дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо