ВАҲДАТИ МО-ИФТИХОРИ МО!

127

Яке аз рукнҳои саодат дар зиндагии аҳли башар ваҳдату ягонагӣ ва ё иттиҳоду ҳамбастагӣ мебошад. Дар партави ваҳдату иттиҳод робитаҳои иҷтимоӣ устувортар мешаванд, муносибатҳо тақвият ёфта, суруру нишот дар рӯзгори мардум афзунтар мешавад ва талоши инсонҳо дар масири рушду такомул ҳадафноктар мегардад.

Ваҳдати миллӣ дар ҳар замон аз аҳаммияти фавқулодае бархурдор мебошад, ки вусъат бахшидани рушди тараққиёт ва густурдагии таҳаввулотро дар ҷомеа таҷассум менамояд.

Хушбахтона, миллати тоҷик, ки дар тули таърих дар домани худ бузургмардон ва номоварону андешамандони зиёдеро парвардааст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ин шахсиятҳои бонангу номус ва огоҳу бедордил аз миллату қавм ва сарзамини аҷдодии худ дифоъ намуда, онро дар беҳтарин шакли суботу амн ба ояндагони худ ба мерос диҳанд. Дар даврони навини таърихи халқи тоҷик, бо Истиқлолият пайдо кардани Тоҷикистон баъд аз ҳазор сол, дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз дар ин хоки гуҳарбори аҷдодӣ давлати навини миллӣ бо вуҷуди тамоми мушкилоту сахтиҳо бо борвар гаштан аз ваҳдату иттиҳод арзи ҳастӣ намуд.

Муҳимтарин авлавиятҳои Ваҳдати миллӣ дар рифоҳу осоиш ба сар бурдани ҷомеа мебошад. Дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳои имрӯз, ки раванди умумиҷаҳоние бо номи ҷаҳонишавии кишварҳо, миллатҳо ва пеш аз ҳама, ҷавононро бо чолишҳои равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии фаровону физоянда рӯ ба рӯ намудааст, ҳифзу пойдор намудани хусусиятҳои миллӣ, ҳуввияти милливу таърихӣ ва пос доштану расидан ба қадри бебаҳои Ваҳдати миллӣ аз вижагиҳои хоссе маҳсуб меёбанд, ки аз иҷрои онҳо бақову пойдории давлати Тоҷикистон ва истиқлолияту соҳибихтиёрии он вобаста аст. Зеро масъалае, чун дарки зарурати Ваҳдати миллӣ ва вобаста будани тақдири имрӯзу фардои миллат ба он, аз сатҳи баланди рушди шуур дарак медиҳад.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва иттиҳоду ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну суботи мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт.

Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост,

Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост.

Ин вожаро ба лаб бо коми шуста гир,

Бар қиблаи умед ваҳдат салоти мост.

Раҷабова М.Т. – доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ

Каримова Д.Б. –номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ