ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ МАРБУРГИ ОЛМОН

158

Рӯзи 29.05.2023 бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо вохӯрии устодону донишҷӯёни бахши форсӣ-англисӣ, форсӣ-фаронсавӣ ва дигар устодони факултет бо намояндагони Донишгоҳи Марбурги Олмон баргузор гардид.
Нахуст суханро декани факултет дотсент Шодиев Рустам ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфтанд. Ҳамзамон изҳор доштанд, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Олмон дар соҳаҳои гуногун рушд намуда, дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанг тадбирҳои муҳим андешида шудааст. Ҳамзамон намояндаи шуъбаи робитаҳои байналмилии ДМТ Лариса Оринина дар хусуси аҳаммияти баргузории ин нишаст ибрози андеша карданд.
Сипас, намояндагони Донишгоҳи Марбурги Олмон Муҳаммад Муҳаммадзода ва Леслӣ Трамонтинӣ дар бораи шарту шароити таҳсил дар донишгоҳи мазкур ва табодули донишҷӯёну устодон суханронӣ карданд.
Дар заминаи суханрониҳои Муҳаммад Муҳаммадзода ва Леслӣ Трамонтинӣ пурсиш ва табодули афкори устодони факултет дотсент А. Байзоев, дотсент Б. Наврӯзшоев, достент С. Абдулфайзов, дотсент Ҷ. Қосимов ва донишҷӯёни ихтисоси форсӣ-англисӣ К. Идиев, М. Салимова, А. Гадоев, С. Абдушукурзода ва М. Қосимов сурат гирифт.