ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

103

Имрӯз ( 25.11. 2023) дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ вохӯрӣ бо падару модари донишҷӯёни соли 1-ум баргузор гардид, ки дар он декани факултет н.и.ф., дотсент Р. Шодиев мудирони кафедра д.и.ф., дотсент Раҷабова М., н.и.ф., дотсент Ҳ. Қурбонов, н.и.ф., дотсент Ҷ. Қосимов, н.и.ф., дотсент Ҷ. Маҳмадов; муовинони декан н.и.ф., дотсент Ҷ. Абдулҳадов, муаллими калон О. Саидов ва сарпарастони гурӯҳҳо иштирок доштанд.

Нахуст ҷаласаро декани факултет Р. Шодиев ҳусни оғоз башида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», ҳамзамон барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҳамкории падару модар бо донишгоҳ суханронӣ карданд.

Сипас устодон Ҷ. Абдулҳадов, Ҷ. Қосимов, Ҳ. Қурбонов ва М. Раҷабова перомуни иҷрои сифати таълим, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ба дарсҳо, иҷрои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои донишҷӯӣ, риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», иштироки фаъолона кардан дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ, фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ ва интернет, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии донишҷӯён ва дигар масъалаҳои муҳим андешаҳои худро баён карданд.

Дар охир сарпарастони гуруҳҳо дар хусуси хислату рафтор ва таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳ ба волиданйни онҳо маълумот доданд.