ВОХӮРИИ ЗАРТМАН ҶОНАТАН ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲИ ДЕНВЕРИ ИМА БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТ

111

Рӯзи 13.04.2023 бо ташаббуси кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳузури пажуҳишгар ва таърихшиноси саршинос Зартман Ҷонатан аз Донишгоҳи Денвери ИМА нишатс баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Нахаст суханро декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дотсент Шодиев Рустам ҳусни оғоз бахшида, меҳмони олиқадрро ба факултет хайрамақдам гуфтанд. Баъд Мамадназаров Абдусалом профессори кафедраи мазкур дар хусуси аҳаммияти баргузории ин нишаст ибрози андеша намуд.

Сипас, профессор Зартман Ҷонатан дар бораи таҳқиқ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба таъриху фарҳанги Шарқ ва шеваҳои омӯзишу таҳсил дар ИМА суханронӣ карданд.