ЗАБОН – ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

120

Ҳар як миллат барои худ муаррифгари хос дорад. Ин муаррифгарон дар дарозои таърих миллату давлатеро аз вартаи нобудӣ наҷот додаанд. Забони тоҷикӣ аз замони пайдоиш, то ҳол ҳамеша нишонаи мавҷудияти миллати тамаддунофаре бо номи тоҷик будааст. Ин забони мо буд, ки дар дарозои таърих ҳама вақт аз мавҷудияти соҳибони худ дар сарзаминҳои аъзами Варорӯду Хуросон дарак додааст ва садди бузурге дар муқобили истилогарони аҷнабӣ будааст.

Асрҳои IX ва X давраи тиллоии инкишофи забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Ин раванд аз ташкили давлати Тоҳириёну Саффориён оғоз шуда, дар давраи салтанати Сомониён ба авҷи аълои худ расидааст.

Фарзандони барӯманди миллати тоҷик аз Рӯдакиву Фирдавсиву Сино гирифта то Айниву Турсунзодаву Лоиқ барои зинда нигоҳ доштан ва инкишофи ин забон ҷонбозиҳо кардаанд. Воқеан Бозор Собир ин нуктаро хеле ба маврид гуфтааст:

Аз сари сад минбар афтоданд, нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд нозирҳои ӯ,

То наафтад дар замин қадри сухан.

Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ аз ҷумла забони давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта, ҳақиқатан забони тоҷикӣ ҳоли табоҳ дошт. Инро равшанфикрон ва фаъолони ҷамъиятӣ ба назар гирифта бо талаби онҳо дар таърихи 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд.

Дар дарозои таърих то ба ҳол таҳрифгароне буданд, ки барои инкор кардани таърих, фарҳанг ва забони тоҷикӣ талошҳо кардаанд. Ин таҳрифгарон замини аҷдодӣ, тахту тоҷи каёнӣ ва дигар дороиҳои бузурги моро гирифтанд, вале ҳеҷ гоҳ забони Рудакиву Мавлавиву Ҳофизро аз мо нагирифта буданд ва нахоҳанд гирифт. Барҳақ шоир мефармояд:

Душмани донишгадояш “Дониш”-и Сино гирифт,

Душмани бе суннаташ девони Мавлоно гирифт,

Душмани суратпарасташ сурати Беҳзод бурд,

Душмани бе хонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт…

Лек лафзи модарияш, ҳамчу номи модараш,

Дар забону дар даҳонаш монд-монд…

Дар замони Истиқлол мавқеи забони тоҷикӣ дар сатҳи расмӣ мустаҳкам гардида, қабули Қонуни забон дар таърихи 5 октябри соли 2009 як саҳифаи наверо дубора дар таърихи забони тоҷикӣ боз кард.

Абдурофеъ Гадоев – донишҷӯи соли 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ