Илм хуршед асту олим нурпош,
Олимо, бар аҳли олам нур пош.
Истилоҳ барои дарку фаҳми ин ё он соҳа нақши калидӣ дорад, ҳамзамон, заминаҳои муҳиммеро барои вуруди калимаҳои бегона мегузорад. Ҳамин аст, ки бо касби истиқлоликишвар таваҷҷуҳи сиёсатмадорону донишмандони тоҷик ба таҳриру тасвиби истилоҳот равона карда шуд, ҳатто дар робита ба ин кумитаи вижае низ таъсис дода шуд, то барои таҳкиму тавсеаи забони модарӣ аз меъёрҳои хосси забони тоҷикӣ истилоҳоти миллиро барои корбурди ҳамагонӣ манзур намоянд. Яке аз дастовардҳои бузург дар ҷодаи истилоҳшиносиву истилоҳофарини таълифи китобу рисолаҳои пурарзиши илмӣ аз тарафи устоди донишманд, забоншиноси мубтакир Сайфиддин Назарзода ба шумор меравад.
Фаъолияти Сайфиддин Назарзода дар ҷодаи забоншиносӣ бисёрҷабҳа буда, истилоҳшиносиву истилоҳофаринӣ яке аз фаъолиятҳои марказиву чашмгири ӯро ташкил медиҳад. Ҳатто яке аз пурарзиштарин осори ӯ «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо» маҳз масъалаи мазкури забоншиносиро ба баҳс мекашад. Воқеан, талошҳои пайвастаи устод С.Назарзода дар самти таъйини истилоҳоти милливу ғайримиллӣ ва ба риштаи таҳрир кашидани муҳимтарин қонунҳои истилоҳсозӣ ба посдориву нигаҳдошти забони модарӣ равона карда шудааст. Дар масъалаи истилоҳсозӣ ва дар умум дар масоили забоншиносӣ С.Назарзодаро метавон ҳамчун табиби ҳозиқу ҳумоюннафаси ин соҳа унвон кард. Чун мавсуф, алорағми бештари раҳнавардони ин ҷода бе донистани сабабу таърихияти истилоҳ, шинохти иллатҳои пазирошавӣ ва муодилпазирии он аз забони асл хати бутлон ба истилоҳ намекашад, балки мекӯшад, то бо шинохти ҳамаҷонибаи сохториву дастурии он истилоҳи воридшуда забонро табобат кунад ва нагузорад, ки аз ин роҳ дигарбора вожаву истилоҳи бегонае вориди забон гардад ва бо гузашти солҳо хусусиёти гуногуни дастурии забони миллиро хатчадор намояд. Ба таъбири дигар, мавсуф талош менамояд, то бо қавӣ намудани масунати забон меъёрҳову қонуниятҳои истилоҳофариниро дар дарунмояи забон ҷо созад, то забон ба таври худкору табиӣ дар қабулу радди дилхоҳ истилоҳ мухтор бошад ва мавриди зулм қарор нагирад.
С.Назарзода ҳолат ва вазъи истилоҳсозиро дар замони муосир ба риштаи таҳрир кашида, роҳҳои иқтибос гирифтани истилоҳотро аз забонҳои гуногуни бегона ва ҳудудҳову меъёрҳои иқтибосгириро ба таври мукаммал баррасӣ намудааст ва бартарии истилоҳофариниро аз манобеи миллӣ нишон додааст. Воқеан, С.Назарзода вобаста ба масъалаҳои мухталифи рушду нуму, ташаккул ва таҳаввули истилоҳшиносӣ ва истилоҳгузинӣ дар забони тоҷикӣ фикрҳои ҷолиберо пешниҳод намуда, ки дар сурати амалӣ гардидании ин гуна пешниҳодҳо, бахши истилоҳшиносӣ дар марҳилаҳои кунунии рушди забони давлатӣ, ки собиқаи тулонии таърихӣ дорад, метавонад бо истифода аз имконоти худ бештар густариш ёбад.
Ба хотири ҳалли илмии мушкилоти ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ ин донишманди варзида чандин пажуҳишҳои муҳимму мондагореро аз таърихи истилоҳсозии забони тоҷикӣ, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушдии он ба сомон расонидааст. Мисоли равшани ин андеша ба нашр расидани асарҳои муҳимми ӯ «Забон ва истилоҳот» (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва истилоҳоти он), «Омӯзиши забоншиносии ёдгориҳои хаттии забони дарӣ» (Дар мисоли «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Аҳмади Тӯсӣ), «Тафсири вожагони«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ», «Назария ва амалияи истилоҳот» ва ғ. буда метавонад.
Гузашта аз ин, устод солҳост, ки раисии бахши илмҳои забоншиносии Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ваистилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳуриро ба уҳда доранд ва бо таҳриру тасҳеҳи фарҳангҳои гуногунҳаҷму мухталифсоҳа дар тоҷикинамоии истилоҳот нақши муассир дорад.
Тағйиру таҳаввули хат метавонад дар тағйиру ҳувияти миллӣ таъсиргузор бошад ва миллатро аз собиқаи таърихияш канда намояд. Миллати тоҷик дар нимаи аввали асри бист ба ин бозии таърих-тағйиру таҳаввули хат дучор гардид ва ба гунае аз гузаштаи худ канда гашт. Маҳз ҳамин масъала мавриди назари забоншинос С.Назарзода қарор гирифта, дар робита ба он китоби «Имло ва забони адабӣ»-ро таълиф намудааст, ки воқеан, арзиши баланди илмӣ-таърихӣ дорад. Бе тардид, асари мазкур доиратулмаорифи мухтасаре оид ба таърихи имло ва меъёри навишти забони тоҷикӣ буда, хонанда бо мутолиаи он ба бисёре аз суолҳои худ дар робита ба пазириши хати русиасоси тоҷикӣ посухи илмӣ ва қонеъкунанда пайдо намояд.
Китоби «Пажуҳише дар таърихи забони тоҷикӣ» – дар шакли мухтасар масъалаҳои мубрам ва муҳимми таърихи забони тоҷикӣ, баррасии масъалаҳои таърихи забонҳои эронӣ, гурӯҳи забонҳои эронӣ ва мушкилоти асосии марҳилабандии таърихи забонҳои эронӣ, забонҳои авестоӣ, форсии бостон, бохтарӣ ва муносибати онҳо ба забони ориёӣ, забони ориёӣ ва забони тоҷикӣ, этноними «тоҷик» ва муносибати он бо номгузории забони тоҷикиро дар бар мегирад. Инчунин, масъалаҳои ташаккули забони тоҷикӣ дар давраи оғозин, дар давраи асрҳои миёна, маорифпарварӣ, даврони шуравӣ ва давраи истиқлолро фаро мегирад.
Саҳми С.Назарзода дар рушду инкишофи фарҳангнигории навини тоҷик дар даврони истиқлол низ хеле назаррас аст. Маҳз С.Назарзода дар партави суханони меҳанпарваронаву забонпосдоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳрирҳои баъдии Қонуни забон пофишорӣ намуда, зарурати таҳияи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»-ро матраҳ намуд.
Бо ибтикори ин донишманди сермаҳсул ҳангоми сарварии кумитаи истилоҳоти назди раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш доштан даҳҳо дастурҳои коргузорӣ ба забони тоҷикӣ ва луғатҳои истилоҳии соҳавӣ таҳияву ба нашр расидаанд, ки онҳо дар маҷмуъ мушкилоти зиёдеро дар масири амалӣ гардидани Қонуни забон ҳал намудаанд. Дар ин замина нақши луғатномаҳои банашррасонидаии С.Назарзода «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти коргузорӣ», «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ», «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти алоқа», «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) ва «Фарҳанги мукаммали забонии тоҷикӣ»-ро махсус бояд қайд кард.
Маҳз бо кӯшиши С.Назарзода шохаи луғатнигории илми забоншиносии тоҷик ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардид, ки он бо ҳиммати ин олими нуктасанҷ тавсеа меёбад.
Мақолот ва осори С.Назарзода дар таҳкиму тавсеаи забони адабии тоҷикӣ таъсиргузор буда, дар мондагорнамоии он саҳми чашмгир доранд.
Муваффақияти С.Назарзода дар ҷодаи истилоҳшиносиву луғатнигорӣ, пеш аз ҳама, аз он маншаъ мегирад, ки мавсуф муддате ба рӯзноманигорӣ низ машғул буда, ба забони гуфториву навиштории ВАО ба хубӣ ошноӣ доштааст. Чунончи чанд муддате С.Назарзода тақдири худро ба рӯзноманигорӣ пайваст ва сатҳи баланди забондонӣ ва истеъдоди фитрӣ боис ба он шуд, ки ӯ дар ин даргоҳ то ба дараҷаи директори барномаҳои радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон иртифоъ ёбад.
Саҳми С.Назарзода дар тарбияи кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ низ назаррас мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии ӯ 25 (7 нафар докторӣ ва 19 нафар номзадӣ) нафар аз дохил ва хориҷи кишвар ба пажуҳиши ҷанбаҳои муҳимми забоншиносӣ пардохта, дар ин росто рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя карда, дар таҳкими забони тоҷикӣ саҳме гузоштаанд. Ин ҳама дастовардҳои илмиву муваффақият дар корҳои идорӣ ба ӯ туфайли заҳматҳои шабонарӯзӣ, саъю талошҳои хастанопазир ва ақлу фитрати модарзодӣ ба даст омадааст.
Имрӯз, ки донишманди шинохта ва дар айни камолот дар остонаи 68-умин солгарди зодрӯзаш қарор дорад, мо сидқан, ӯро, ба ин ҷашни фархунда шодбош мегӯем.
Р.Шодиев,профессори кафедраи филологияи Эрони ДМТ