ГУСТАРИШИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БА ХОРИҶИЁН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

138

Соҳиб шудан ба Истиқлолии давлатӣ дар тамоми риштаҳои зиндагӣ – сиёсат, иқтисод, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф ва ғайра таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Табиист, ки ин дигаргуниҳо дар заминаи захираву таҷрибаҳои мавҷуда сурат гирифтанд. Масалан, тамоми дигаргуниҳои соҳаи маориф дар заминаи захираҳои моддиву кадрӣ ва низоми аз замони шуравӣ бамеросмонда ба вуҷуд омаданд.

Аммо, дар баробари ин, падидаҳои наве низ арзи ҳастӣ намуанд, ки онҳоро метавон меваҳои истиқлол номид. Ба таври намуна, таъсиси намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи сиёсат, бунёди корхонаҳои хусусӣ дар соҳаи иқтисод, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соҳаи кишоварзӣ, боз гардидани марзҳо барои идомаи таҳсилу кор дар кишварҳои дигар дар соҳаи маориф аз ҷумлаи падидаҳои хосси даврони истиқлол аст.

Дар ин росто як падидаи дигари ҷолибе низ ба вуҷуд омад, ки маҳз меваи истиқлол буда, дар шинохти Тоҷикистону тоҷикон ва таъриху фарҳангу адабиёти он аз ҷониби хориҷиён, дар баробари манбаъҳои дигар, нақши муҳимму бориз дорад. Сухан дар бораи густариши омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ ба сифати забони хориҷӣ барои мардумони кишварҳои гуногуни олам меравад.

Дар замони шуравӣ омӯзиши забони тоҷикӣ аз ҷониби хориҷиён характери муназзам надошт, шахсони алоҳида онро бо роҳу усулҳои гуногун меомӯхтанд. Аз ҷумла, муҳаққиқони машҳур Жилбер Лазар, Иржи Бечка, В. Расторгуева ва дигарон забони тоҷикиро барои ҳадафҳои таҳқиқотии худ бо роҳи мутолиаи шахсӣ, худомӯзӣ ва ё кумаки шахсони алоҳида омӯхта буданд. Аз ин рӯ, масъалаи мавриди назар таваҷҷуҳи касеро ҷалб намекард.

Ҳамзамон бо мақоми расмӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ (қабули Қонуни аввалини забон дар соли 1989) ба омӯзиши забони тоҷикӣ дар худи Тоҷикистон таваҷҷуҳ аз ҷониби русзабонон ва тоҷиконе, ки забони модарии худро дар сатҳи кофӣ намедонистанд, шуруъ гардид. Бо дарназардошти талаботи бамиёномада аз ҷониби мутахассиси соҳаи забоншиносии тоҷикӣ С.Арзуманов китоби “Самоучитель таджикского языка” соли 1989 ба табъ расид [13].

Баъдтар муҳаққиқи дигари тоҷик М.Маҳадов бо ҳамин ном китоби дигаре таҳия ва нашр намуд [17]. Ин ду китоб бевосита ба русзабонони муқими Тоҷикистон дахл доштанд ва тибқи қоидаҳои ҳамонвақтаи имло нигошта шуда буданд (мавҷуд будани ҳарфҳои “ц”, “ы”, “ь” ва “щ”; тартиби пешинаи ҳарфҳо дар алифбо, истилоҳоти даврони шӯравӣ ва ғ.).

Дар ибтидои солҳои баъди истиқлол аввалин шахсоне, ки ба омӯзиши забону фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳ карданд, кормандони сафоратҳои кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон буданд. Вале заминаҳои моддӣ ва кадрии таълими забони тоҷикӣ ба хориҷиён дар он солҳо тақрибан вуҷуд надошт. Аз як тараф, китоби дарсӣ ё маводи таълимие, ки маҳз бо ин мақсад таълиф шуда бошад, вуҷуд надошт. Китобҳои номбурдаи С. Арзуманов ва М. Маҳадов ба аудиторияи дохилӣ тааллуқ доштанд ва бо сабаби такя ба алифбои замони шуравӣ аллакай аҳаммияти худро аз даст дода буданд. Аз тарафи дигар, мутахассисони варзида, ки дар таълими забон барои хориҷиён таҷрибаи кофӣ дошта бошанд ва аз методу усулҳои муассири он бохабар бошанд, тақрибан набуданд.

Бо амри тақдир мо таълими забони тоҷикиро ба хориҷиён аз соли 1993 оғоз кардем. Аз рӯзҳои аввал ба хусусиятҳои таълими забони тоҷикӣ ба хориҷиён (таълими забон ҳамчун забони хориҷӣ) рӯ ба рӯ гардидем. Азбаски шогирдони мо шахсони гуногунзабону гуногунфарҳанг буданд ва ҳар яке ҳадафҳои худро дар мавриди омӯзиши забон доштанд, талаботи ба худ хосро ба миён мегузоштанд. Аз ҷумла, ба сафири ҳамонвақтаи ИМА дар Тоҷикистон забони тоҷикиро фақат ба тарзи шифоҳӣ (суҳбат) ёд медодам, “шогирд”-и ман хатти кириллиро танҳо барои навишатани калимаҳои алоҳида (луғат) истифода мекард.

Мафҳуми “вазифаи хонагӣ” барои мо вуҷуд надошт. Таълим дар заминаи забони англисӣ сурат мегирифт. Дар айни замон ба сафир ва кормандони дигари сафорати Покистон дар Тоҷикистон забони тоҷикиро тибқи хоҳишашон бо алифбои арабиасос ёд медодам, зеро онҳо бо ин алифбо шиносоӣ доштанд (алифбои урду дар заминаи алифбои арабӣ мураттаб гардидааст). Гурӯҳи кормандони сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон талаб мекарданд, ки забони тоҷикиро дар заминаи забони русӣ таълим диҳам. Он солҳо ҳанӯз компютеру принтер надоштем, ҳамаи маводи дарсиро дар шакли дастнавис таҳия мекардам, онро дар ҷойи кори шогирдон нусхабардорӣ карда, дарс мегузаштем…

Ҳамин тариқ, то ибтидои соли 2000-ум маводи гуногуни зиёде оид ба таълими забони тоҷикӣ барои хориҷиён дар даст доштам. Ба шарофати ҳамкорӣ бо яке аз шогирдони худ – муҳаққиқи англис Ҷон Ҳайвард, ки дар Душанбе Маркази омӯзиши забони англисӣ (STAR) таъсис дода буду забони тоҷикиро дар сатҳи хеле баланд азхуд карда буд, ба таълифи аввалин китоби дарсии Забони тоҷикӣ барои англисизабонон шуруъ кардам. Тарҷумаи мавод ба забони англисӣ ва таҳрири матни англисӣ ба уҳдаи ҳаммуаллифи ман буд. Китоб соли 2001, дар арафаи ҷашни 10-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр омода гардид ва хеле хушҳолем, ки он бо сарсухани Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “The Official Beginners’ Guide to Tajiki”ба табъ расид [5]. Аз ин китоб фақат онҳое истифода мебурданд, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд. Соли 2004, бо назардошти талабот ба омӯзиши забони тоҷикӣ дар арасаи байналмилалӣ, яке аз нашриётҳои бонуфузи ҷаҳон – Routledge Curzon, ки дар Лондон ва Ню-Йорк фаъолият мекунад, ба мо пешниҳод намуд, ки онро аз нав чоп кунад. Пас аз арзёбӣ ва ташхиси китоб аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ (якнафарӣ аз ИМА, Британия ва Тоҷикистон) китоб (бо каме тағйироти ҷузъӣ) бо номи “A Beginner’s Guide to Tajiki” дар Лондон ва Ню-Йорк ба табъ расид [4] ва имконияти дастрасии хоҳишмандони омӯзиши забони тоҷикӣ дар миқёси байналмилалӣ фароҳам омад.

Баъдтар дар баъзе донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Амрико таълими ин забон дар гурӯҳҳои алоҳида ба роҳ монда шуд. Аз ҷониби дигар, таълими забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва онҳое, ки махсус барои омӯхтани забон ба Тоҷикистон меоянд, ба роҳ монда шуд. Сафи омӯзгорони маҳаллӣ ва хориҷӣ, ки бо таълими забони тоҷикӣ ба хориҷиён машғул буданд, низ афзоиш ёфт.

Бо гузашти вақт таълими забони тоҷикӣ ба сифати забони хориҷӣ ба маҷрои муайяни худ ворид гардид ва дар ин замина аз ҷониби муаллифони дохилӣ ва хориҷӣ китобу дастурҳои методӣ ва луғатҳои дузабона таҳия ва нашр гардиданд. Ҳар яке аз ин китобу дастурҳо хусусиятҳои хоси худро доранд ва дар ин самт саҳми арзандаи худро мегузоранд. Аз ҷумла, дар ИМА солҳои гуногун китобҳои “A Tajik-Persian Reference Grammar” (муаллиф – Ҷон Перрӣ), “Tajiki Textbook and Reader” (муаллиф – Микаэл Крайг Ҳилман) ва “Tajiki Reference Grammar for Beginners” (муаллифон – Насрулло Хӯҷаёрӣ ва Микаэл Томпсон) ба табъ расиданд [7; 8; 9]. Китоби М. К. Ҳилман (Tajiki Textbook and Reader) бештар ба мутахассисони забоншиносии эронӣ равона гардида, дар баробари зикри хусусиятҳои забони тоҷикӣ муқоисаи забони тоҷикиро бо забонҳои русӣ, форсӣ, ӯзбекӣ ва алифбои арабиасоси тоҷикӣ дар бар гирифтааст [8]. Китоби “Tajiki Reference Grammar for Beginners” аз бобҳои имло ва овошиносӣ, ҳиссаҳои номии нутқ, пешояндҳо, феъл, зарф ва пасояндҳо, ҷумлаҳои мураккаб ва таркибӣ иборат буда, дар охири китоб луғат (фарҳанги вожаҳо) илова гардидааст [9].

Дар Олмон солҳои 2005 ва 2007 китобҳои Шинҷӣ Идо бо номи “Tajik” ва “Bukharian Tajik” ба табъ расид, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ дар заминаи забони немисӣ равона гардидааст [10; 11]. Дар ин китобҳо алифбои тоҷикӣ ва хусусятҳои он, аз ҷумла, имлои забони тоҷикӣ то даврони истиқлол баррасӣ гардидааст.

Дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шуравӣ то имрӯз ду китоб оид ба омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст. Яке аз онҳо китоби Е.В. Семенова “Таджикский язык. Начальный курс” [18] ва дигаре китоби дастҷамъонаи “Учебник таджикского языка для стран СНГ. В 2-х частях” аст [15]. Ин китобҳо сирф ба таълими забони тоҷикӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии таълимашон ба забони русӣ тахассус дода шудаанд.

Дар баробари ин, аз ҷониби мо дастурҳои методии ёрирасон оид ба грамматикаи муқоисавии забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ, вожаҳои арабӣ дар форсӣ, феълҳои забони форсӣ низ ба табъ расиданд, ки барои омӯзиши забони тоҷикӣ дар заминаи забони форсӣ маводи хуби таълимӣ ба шумор мераванд [1; 2; 3].

Маркази омӯзиши забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси устоди шодравон Мукаррама Қосимова таъсис ёфта, ҳоло мудирии онро яке аз устодони варзидаи тоҷик, доктори илмҳои филология Дилмурод Ҳомидов ба уҳда дорад, низ дар самти густариши таълими забони тоҷикӣ ба хориҷиён саҳми арзанда дорад. Дар ин Марказ ҳар сол даҳҳо хорииҷиён таҳти роҳнамойии устодони Донишгоҳ забони тоҷикиро меомӯзанд. Ҳамакнун, дар остонаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 75-солагии таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо назардошти ниёзҳои ин Марказ ва дигар ҳаводорони омӯзиши забони тоҷикӣ китоби “Забони тоҷикӣ барои гурӯҳҳои пешрафта” ба табъ расид [6].

Ҳар яке аз китобҳои номбурда, бешубҳа, дар густариши таълими забони тоҷикӣ барои хориҷиён ва ошно сохтани онҳо бо таъриху фарҳанг ва адабиёти пурғановати халқи тоҷик саҳми арзанда доранд. Бори дигар таъкид кардан бамаврид аст, ки ин ҳама ба шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, ба мақоми расмӣ соҳиб шудани забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва густариши робитаҳои судманди кишвари азизамон бо давлатҳои дигари дунё имконпазир гардидааст.

Адабиёт:Bayzoev A. Arabic Words in Persian/Tajiki –Dushanbe –Washington, 2008. – 108 р.Bayzoev A. Persian and Tajiki Comparative Grammar (Tajiki For Persian Speakers). –Dushanbe-Washington, 2007. – 110 р.Bayzoev A. The Verb System in Persian/Tajiki –Dushanbe-Washington, 2008. – 116 р. Bayzoev A., Hayward J. A Beginner’s Guide To Tajiki. – Routledge Curzon, London/New-York, 2004.– 372 p.Bayzoev A., Hayward J. The Official Beginners’ Guide To Tajiki. Dushanbe, Star Publication, 2001.– 460 p.Bayzoev Azim. Tajiki for Advanced Level. – Dushanbe, 2023. – 168 p.John Perry. A Tajik-Persian Reference Grammar. Brill, Leiden-Boston, 2005. – 535 p.Michael Craig Hillmann. Tajiki Textbook and Reader (2nd edition). – Dunwoody Press, USA, 2003. – 186 p.Nasrullo Khujayori, Mikael Tompson. Tajiki Reference Grammar for Beginners. – Georgetown University Press, 2009. – 89 p.Shinji Ido. Bukharian Tajik. – Lincom Europa, Muenchen, Germany, 2007. – 117 p.Shinji Ido. Tajik. – Lincom Europa, Muenchen, Germany, 2005. – 54 p.Tajik-English Dictionary. Edited by J. Mamatov., S. J. Harrel., K. Kehoe., K. Khodjibaev. Routledge Curzon, -London/New-York, 2005.Арзуманов С. Самоучитель таджикскогот языка. –Душанбе, «Маориф», 1989;Государственный стандарт по русскому языку как иностранному. – М., С-П.: «Златоуст», 2001. Элементарный уровень – 20 с., базовый уровень – 23 с. Иванов В.Б., Семенова Е.В., Хушкадамова Х.С. Учебник таджикского языка для стран СНГ. В 2-х частях. М.: ИД “Ключ-С”, 2009. – 231с./73с.Мамадназаров А. Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2011. – 1015 с.Махадов М. Самоучитель таджикского языка. –Душанбе, «Маориф», 1993.Семенова Е.В. Таджикский язык. Начальный курс. – М.: МГИМО-Университет, 2008. – 107 с.

Байзоев Азим, Қосимов Ҷумъахон,устодони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо