ЛАГЕРИ БАҲОРИИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”

100

Аз 13 то 15 апрел дастаи иштирокчиёни лагери баҳории “Пули забони чинӣ” дар маросими ифтитоҳ, ки дар пояи Донишгоҳи омӯзгории Синзян баргузор гардид иштирок намуданд. Азбаски Донишгоҳи омӯзгории Синзян амалисозии нақшаи лагери баҳориро барои 30 нафар наврасону ҷавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт, дастаи иштирокчиёни мо саёҳати хешро аз донишгоҳи мазкур оғоз намуд. Дар барномаи мазкур чор нафар донишҷӯёни курси 2-юм Ҳамзазода Дилшод, Мусулмонова Нигора, Наврузов Амирҷон, Баҳронзода Меҳрангез, ду нафар донишҷӯёни курси 3-юм Саидхоҷаев Манучеҳр, Чанорова Ангубин ва як нафар донишҷӯи курси 4-ум Умедова Шукрона аз факулети забонҳои Осиё ва Аврупо ширкат намуданд.

Иштирокчиён дар рӯзҳои аввал фарогири дарсҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ аз қабилӣ дарси фарҳанг, хаттотӣ, таърих, санъати чой, бофтани гиреҳбандҳо, қоғазбурӣ, ғазалсароӣ, мусиқӣ, санъати ушу, рассомӣ, иқтисодиёт ва дарси забони чинӣ гардиданд. Дарсҳои дар боло зикргардида ҳам дар шакли назариявӣ ва ҳам дар шакли амалӣ сурат гирифт, ки шавқу рағбати иштирокчиёнро нисбати Чин бедор намуд. Дарсҳои амалӣ бо иштироки донишҷӯёни чинӣ сурат гирифт, ки ин намунаи комили табодули афкор миёни донишҷӯёни чиниву хориҷӣ мебошад.

Дастаи иштирокчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости раёсати Донишгоҳи омӯзгории Синзян аз Институти мусиқӣ ва Институти илмҳои педагогии донишгоҳи мазкур дидан намуда, дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни чинӣ барномаҳои рангини ҳунариро баргузор намуданд, ки ҳар яке аз онҳо бо ҳисси ифтихор фарҳангу маданияти кишвари хешро муаррифӣ менамуд.

Боздид аз Осорхонаи Синзян иштирокчиёнро бо таърихи тулонӣ, тамаддун ва фарҳанги миллии мардуми Синзян ошно сохт. Ҳар як ёдгории таърихӣ қиссаи худро дорад, ки касро ба ҳайрат меорад.

Сайру гашт дар кӯчаҳои бозори байналмилалии “Дабазар” ва шаҳраки “Тиҷорат ва иқтисод”-и Урумчӣ ба мо иштирокчиён имкон дод, ки маҳсулоти чинӣ ва рушди тиҷорат дар бозори Чинро бубинем. Муносибати савдогарон ба кас илҳом мебахшад.

Дар идома, саёҳат тули се рӯз дар шаҳри зебоманзари канори баҳр – Чиндао орзӯи дигари иштирокчиён, тамошои баҳрро амалӣ намуд. Саёҳат дар канори баҳр таъби иштирокчиёнро боз ҳам болида гардонида, шавқу ҳаваси онҳоро нисбат ба табиати зебоманзари Чин афзун намуд. Боздид аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – Чин, Маркази Намоишгоҳи Байналмилалии СҲШ, Майдони Вусе, Боғи  Ҷоншан, Пули Ҷан, Олами баҳр ва дигар ҷойҳо барои иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки натиҷаи азнавсозии сохти чиниро таҷриба намоянд.

Агарчӣ омӯзиши таъриху фарҳанг ва илму адаби мардуми Чин берун аз он имконпазир аст, аммо танҳо бо роҳи шахсан таҷриба намудани ин ҳама метавон ин кишвари мутаммадинро омӯхт. Боиси ифтихор аст, ки дар замони муосир наврасону ҷавонон аз мадди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дур нест. Ташаббусе, ки имрӯз ҷониби кишвари Чин барои ҷавонону наврасон андешидааст, ҷаҳонибинӣ ва дарки онҳоро нисбати Ҷумҳурии Мардумии Чин афзун намуда, шавқу рағбати онҳоро нисбати омӯзиши забон ва таъриху адаби Чин бештар менамояд. Умедворем, дар оянда низ чунин имконитяҳо бештар таҳия гардида, орзуҳои чинии ихлосмандони забони чиниро амалӣ месозад. 

Роҳбари дастаи иштирокчиёни лагер аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Ҳусайнӣ