ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БО РАВИШИ ҶАДИД

248

Нашриёти “Маориф” дастури таълимии устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азим Байзоевро таҳти унвони “Забони тоҷикӣ барои сатҳи пешрафта” (барои донишҷӯёни хориҷӣ) ба нашр расонд (Байзоев Азим. Забони тоҷикӣ барои сатҳи пешрафта // Tajiki for Edvanced Level. Муҳаррири масъул Ҳомидов Дилмурод. – Душанбе: Маориф, 2023. – 168 с.). Нашри китоб ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 75-солагии таъсиси донишгоҳи миллӣ бахшида шудааст.

Қобили зикр аст, ки устод А. Байзоев аз пешоҳангони тадриси забони тоҷикӣ барои хориҷиён буда, дар ин ҷода таҷрибаи беш аз сисола дорад. Китоби аввалини ӯ дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқи англис Ҷон Ҳайвард, ки омӯзиши забони тоҷикиро барои сатҳи ибтидоӣ ва миёна пешниҳод мекунад, бори аввал дар Душанбе соли 2001 таҳти унвони “The Official Beginners’ Guide to Tajiki” ва бори дуюм дар Лондон ва Ню-Йорк соли 2004 бо номи “A Beginner’s Guide to Tajiki” (бо каме таҳриру такмил) бо сарсухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расида буд. Ин китоб то имрӯз аз маъруфтарин китобҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои англисизабонон ба шумор рафта, аз он дар донишгоҳҳои ИМА, Канада, Британияи Кабир ва Австралия, ҳамчунин дар Тоҷикистон истифода мекунанд.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, эътирофи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибихтиёру мустақил, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар соҳаи илму фарҳанг, хоҳишмандони омӯзиши забони тоҷикӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар сатҳи пешрафта низ рӯз то рӯз афзоиш меёбанд. Гуфтан кофист, ки дар Маркази омӯзиши забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёну унвонҷӯёну аспирантони хориҷӣ барои донистани забони тоҷикӣ дар сатҳи пешрафта майлу хоҳиши зиёд доранд.

Вале то имрӯз барои таълими забони тоҷикӣ дар ин сатҳ, чи дар Тоҷикистон ва чи берун аз он, дастури махсуси таълимӣ вуҷуд надошт, ки кори омӯзгорону омӯзандагонро басо душвор месохт. Аз ин рӯ, нашри чунин як китобро метавон аз муҳимтарин дастовардҳои замони Истиқлол дар ин соҳа ва дастовези хуб барои дӯстдорони забону фарҳанг ва таъриху адабиёти тоҷик арзёбӣ кард.

Китоб бо равиши ҷолибу шавқангезе нигошта шудааст. Омӯзиши забони тоҷикӣ аз рӯйи қиссае бо номи “Саргузашти Азизҷону Азиза” сурат мегирад, ки муаллифи он худи устод Азим Байзоев аст. Он аз 44 қисмати алоҳидаи ба ҳам алоқаманд иборат аст, ки зиндагии як писару як духтарро аз рӯзи таваллуд то рӯзи ақди никоҳ дар бар мегирад. Дар зимн, ҳар як қисмати он (Интизорӣ, Таваллудат муборак, Хушдомани нек, Дӯсти дур аз хеши наздик беҳ, Дар олами афсонаҳо, Мактаб. Байтбарак, Зиндагии маҷбурӣ дар деҳа, Иншо, Эҳсоси аввалини ишқ, Маслиҳатгари беҳтарин, Ман дар суроғат, эй дӯст, Ҷаҳон дар оина, Мусибат, Поёни шаби сияҳ сафед аст, Сирри пешрафт ва ғайра) таълиму омӯзиши як ҷанбаи алоҳидаи забон, таърих, фарҳанг ва зиндагии иҷтимоиро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои қисса аз замони шуравӣ оғоз гардида, дар замони истиқлол ба поён мерасад, ки дар натиҷа хонанда дар баробари омӯзиши забон бо тағйироту дигаргуниҳои халқи тоҷик дар даврони нав ошноӣ пайдо мекунад. Ташаккули шахсияти замони нав ғояи асосии қисса ба шумор меравад. Ҳадафҳои ҳар як қисмат инкишофи нутқ, омӯзиши луғат, рушди салоҳиятҳои забондонӣ ва коммуникативиро дар бар гирифтааст. Калимаву ибораҳои нав бо муродифҳояшон дар забони тоҷикӣ ё шарҳу тавзеҳ бо забони тоҷикӣ омӯхта мешаванд, аз ин рӯ, китоб ба ҳамаи донишомӯзон, новобаста ба забони аслии онҳо қобили истифода аст.

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои китоб он аст, ки сабти овозии матнҳои он дар иҷрои яке аз ровиёни хушсалиқаи тоҷик, шодравон Хайрулло Иброҳимов ва ҳамкоронашон таҳия гардида, ҳамзамон бо китоб пешкаши истифодабарандагон мегардад. Гузашта аз ин, вобаста ба ҳадафҳои омӯзиши забон дар баъзе мавридҳо сабти овозӣ бо тафовутҳои зарурӣ оварда шудааст.

Масалан, дар қисмати “Дар олами афсонаҳо” (ду қиссаи алоҳида) матни афсонаҳои халқии тоҷикӣ дар шакли забони адабӣ оварда шуда, дар сабти овозӣ бо лаҳҷаҳои гуногуни тоҷикӣ манзури омӯзандагон мегардад, то ки муҳимтарин тафовутҳои забони адабӣ ва гуфторӣ омӯхта шаванд.

Ҳамон тавре ки муаллиф қайд мекунад, донишомӯзони сатҳи пешрафта онҳое мебошанд, ки забони тоҷикиро то ҳадди муайян медонанд, аз муҳимтарин қоидаҳои грамматикии забон баҳраваранд, захираи кофии луғавӣ доранд, бо ин забон бе мушкилӣ муошират мекунанд, қобилияти мустақилона аз худ кардани забонро соҳиб шудаанд, аммо дар гуфтору навиштори касбӣ ва соҳавии худ, дарки таъриху фарҳанг, анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, истифодаи зарбулмасалу мақолҳо, истилоҳоти соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон ва муоширати сатҳи баланд мушкилӣ доранд. Ин гуна ашхосро наметавон дар як гурӯҳ муттаҳид сохт (мисли гурӯҳи ибтидоӣ, ки омӯзиши забонро аз сифр оғоз мекунанд) ва барои ҳамаи онҳо ҳадафҳои яксони омӯзишӣ пешниҳод кард, зеро салоҳияти забониву коммуникативӣ ва захираи луғавии онҳо ҳеҷ гоҳ дар як сатҳ нест. Аз ҷониби дигар, онҳо метавонанд дар самтҳои гуногун фаъолият дошта бошанд.

Барои омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, англисӣ ва русӣ имрӯз дар сатҳи пешрафта дастурҳои таълимии соҳавии алоҳида таҳия гардидаанд (иқтисод, таърих, сиёсат, тиҷорат ва ғайра).

Барои забони тоҷикӣ таҳияи чунин китобҳо дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст. Маҳз бо назардошти ин нукта китоб тарзе таҳия шудааст, ки аз он мутахассисони соҳаҳои гуногун метавонанд истифода кунанд. Дар чунин ҳолат нақши омӯзгор хеле муҳим аст.

Барои кумаки методӣ дар охири китоб намунаи истифодаи матнҳо бо ҳадафҳои омӯзишӣ пешниҳод шудаанд, ки рушди салоҳиятҳои забонӣ ва коммуникативиро дар бахшҳои алоҳидаи забономӯзӣ – хониш, шунавоӣ, инкишофи нутқ, навиштор ва эҷод вобаста ба мавзуи ҳар як қисмат таъмин мекунад.

Мавҷуд будани сабти овозии матнҳо имкон медиҳад, ки аз китоб ба тарзи мустақилона (бе муаллим) низ истифода баранд. Гузашта аз ин, китоб барои шаҳрвандони тоҷик, ки забони тоҷикиро бо сабабҳои гуногун дар сатҳи зарурӣ балад нестанд, метавонад мавриди истифода қарор гирад.

Азбаски китоб як падидаи тоза дар ин ҷода аст, бисёр хуб мебуд, агар аз ҷониби устод барои истифодабарандагон, аз ҷумла, устодоне, ки бо таълими забон ба хориҷиён машғуланд, тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи самараноки он низ таҳия гардад, намунаҳои бештари дарсҳо бо истифода аз матнҳои китоб оварда шавад.

Ба таври хулоса метавон гуфт, ки дастури таълимии “Забони тоҷикӣ барои сатҳи пешрафта” аз китобҳои насли навест, ки бо шеваи хосу ҷолиб таҳия гардида, дар соҳаи худ нодир аст.

Умедворем, ки он дар таълиму омӯзиш ва густариши забони тоҷикӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамзамон, муаллиф умедвор аст, ки мутахассисону истифодабарандагон бо маслиҳатҳои судманди худ барои боз ҳам беҳтар намудани сифати он дар нашрҳои минбаъда саҳмгузор хоҳанд буд.

Ҳомидов Дилмурод, доктори илми филология, мудири Маркази омӯзиши забонҳои ДМТ,

Абдулҳадов Ҷумъахон, номзади илми филология, муовини декан оид ба илми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ