Забони модариро пос дорем…

130

Шоири ширинкалому тозабаёни Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол (1877-1938) бо ду забон – забонҳои урду ва забони форсӣ – тоҷикӣ.асарҳои безавол эҷод кардааст. Тавре маълум аст, то ба Ҳиндустон сар даровардани мустамликадорони англис, дар ин мамлакат нуфузи забони форсӣ – тоҷикӣ ниҳоят зиёд буд. Забони форсӣ-тоҷикӣ дар ин кишвар, ки худ осорхонаи забонҳост, пеш аз ҳама аз он сабаб осонтар роҳ ёфту паҳн шуд ва барои пайдоиши забони урду сабаб шуд, ки ширин, гуворо, хушсадо ва роҳатбахш аст. Мустамликадорони англис аз аввалин солҳои хӯҷаини ин мамлакат шуданашон, чун диданд, ки мақоми забони форсӣ-тоҷикӣ ин ҷо хеле баланд аст, дар фикри паст кардани эътибори он шуданд. Ин аст, ки то соли 1947, яъне то он даме, ки онҳо маҷбур шуда, тарки Ҳиндустон карданд, забони форсӣ-тоҷикӣ метавон гуфт, ки ба пуррагӣ аз байн рафт ва ҷояшро забони англисӣ гирифт. Муҳаммад Иқбол охирин ситораи адабиёти форсу тоҷикзабони Ҳиндустон буд.

Пеш аз ба Ҳиндустон омадани англисҳо ва ҳатто то як вақти муайян дар замони ҳокимии англисҳло низ қадрдонҳо омӯхтан забони форсӣ-тоҷикиро барои фарзандҳои худ на танҳо ҳатмӣ, балки шараф медонистанд. Оилаҳои мардуми доро, алалхусус ашрофзодаҳо барои аз худ кардани забони форсӣ-тоҷикӣ тамоми чораҳоро меандешиданд. Аз ҷумла шоирон, донишмандон ва олимони номиро, ки беҳтарин намояндагони забони форсӣ-тоҷикӣ буданд, чун устоди ҳамин забон барои фарзандонашош ба кор даъват менамуданд.

Муҳаммад Иқбол пас аз таҳсили мукаммал баробари ба саҳнаи адабиёт қадам мондан, эҷоди асарҳои адабии худро ба забони урду оғоз карда буд ва аввалин шеърҳои урдуяш чунин номҳо доштанд: “Ҳимолой”, “Гули рангин”, “Аҳди тифлӣ”, “Мирзо Ғолиб”, ”Абри кӯҳсор”, “Як гову як буз”, “Дуои бачча”, “Ҳамдардӣ”, “Хоби модар”, “Фарёди парранда”, “Пурсиш аз хуфтагони хоб”, “Шамъу парвона”, “Ақлу дил”, “Садои дард”, “Як орзу”, “Дарди ишқ”, “Гули пажмурда” ва ғайра. Лекин баъдтар шеъгӯиро ба забони форсӣ-тоҷикӣ оғоз намуд. Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки вай бо ду сабаб баробари ба забони урду эҷод кардан боз ба забони форсӣ-тоҷикӣ низ шеъргӯиро таҷриба кардааст ва бояд зикр кард, ки дар андак вақт мукаммал муваффақ шуданаш зуд ошкор шудаст. Маҳз ҳамин Муҳаммад Иқбол – яке аз маъруфтарин шоири Шарқ дар баёни сифати забони форсӣ-тоҷикӣ чунин гуфтааст:

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккараст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Бешак, Муҳаммад Иқбол забони дарӣ гуфта, ҳамин забони форсӣ-тоҷикиро, ки дар Афғонистон ҳамчун забони дарӣ маълум аст, дар назар дорад. Ин худ ишора ба он аст, ки чаро Муҳаммад Иқбол барои баёни андешаву эҳсоси худ ба ғайр аз забони урду боз забони форсӣ-тоҷикиро интихоб намудааст. Ва мо имрӯз хуб медонем, ки Муҳаммад Иқбол дар дунё пеш аз ҳама маҳз бо ҳамон асарҳояш машҳур шуд, ки онҳо ба забони форсӣ-тоҷикӣ иншо шудаанд.

Имрӯз забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тамоми ҳуҷҷатҳои давлатӣ, конститутсия, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёнаву олӣ, матбуот ва ғайра ба забони тоҷикӣ ба табъ расида, мисоли он шуда истодаанд, ки забони тоҷикӣ қудрати ин гуна масъулияти ҷиддиро ба дӯши худ гирифтан дорад. Ҳазорсолаҳост, ки ба ин забон ҳазорҳо асарҳои безавол иншо шуда, дар тамоми ҷаҳон шуҳрат пайдо кардаанд.

Ҳамин тариқ, далелҳое, ки бузургиву ҳашамати забони тоҷикиро исбот мекунанд кам нест ва онҳоро касе рад карда наметавонад.

Акнун, ки ҳамин тавр бошад, пас чаро мо соҳибони ҳамин забон танҳо қаноат ба он кунем, ки ҳамин тавр аст, бас. Чаро дар пайи ҳифзи он доимо талош накунем? Чаро онро аз махлут шудаан аз калимаву ибораҳои ношиносу нодаркори бегона эмин надорем? Чаро шириниву ҳашамати онро бештар накунем?

Тавре маълум аст, аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 –юми ииюл ҳамчун«Рӯзизабон»ҷашнгирифтамешуд.5-уми октябри соли 2009 қонунинавиҶумҳурииТоҷикистонбономи«ҚонуниҶумҳурииТоҷикистондарбораизабонидавлатӣ»қабулкарда шуд.

Дарқонунинавқабулшуда боз бисёр масъалаҳлои дигар, ки пештар дарқонунизабоннабуд, ба эътибор гирифта шуданд..

МаҷлисиОлииҶумҳурииТоҷикистондарҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«Дарбораирӯзҳоиид», дигаргуниҳо дароварда, 5-уми октябри соли 2009 ҳамин рӯзро Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд. Дар чорчӯбаи чунин санади ниҳоят муҳим, дар саросари Ҷумҳурӣ ҳар сол маҳфилҳои гуногун гузаронида мешавад, ки дар онҳо то чи андоза бо аҳамият будани мақоми забони давлатии Тоҷикистон гирифтани забони модарии мо – забони тоҷикӣ таъкид карда мешавад. Лекин ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки забони мо дигар ниёзманди таваҷҷуҳ нест.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмлон ҳамеша мубрам будани масъалаҳои забони тоҷикиро таъкид намуда, дастур медиҳанд, ки барои тоза нигаҳ доштани ин сарвати бебаҳои миллат бояд ҳар як фарди тоҷикзабони Тоҷикистон кӯшиш кунад ва ҳиссагузор бошад..

Ҳастии ҳар як миллат дар зиндаву поянда будани забони ӯст. Мо ифтихор аз он мекунем, ки забони мо зебо ва хушоҳангу хушсадо ва ниҳоят ғанӣ, тавоноие дорад, ки бо машҳуртарин забонҳои дунё ҳамсангӣ кунад. Аз ин ҷо мо муаззаф ҳастем, ки онро эҳтиёт ва дифо кунем. Барои ин кор моро зарураст, ки аввало покизагии онро нигоҳ дорем, яъне нагузорем, ки даркору нодаркор ҳар навъ калимаҳои хориҷӣ, ки гунааш дар забони тоҷикӣ дида мешавад истифода барем. На танҳо дар баъзе мавридҳо, балки ҳамеша адабӣ ва дурусту фаҳмо гап занем, суҳбат кунем ва андешаронии ҷолиб дошта бошем, захираи луғавии забони гуфтугӯии маъмулӣ ва адабиро ҳамеша барои ғанитар шуданаш паёпай кӯшиш намоем. Мо бояд забоне, ки Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Айнӣ, Турсунзода ва садҳо дигар нобиғаҳои адабиёти мо ба мо дар зеботарин шакл мерос мондаанд, кӯшиш кунем, ки дар ҳамин шакл ва беосеб ба наслҳои дигар ба мерос монем. Албатта, ҳар як забон расми инкишофи худро дорад, лекин вай ҳам маҳсули амали соҳибони забон аст. Инкишофи дурусту боманфиати онро ҳамонҳое мекунанд, ки худ дар ҷодаи ғамхорӣ ба забон заҳматҳо кашидаанд ва ин заҳматҳо пеш аз ҳама дар дуруст донистану дуруст истифода бурдани забон аст. Омӯзиши забони модарӣ аз падару модар, устоди боғчаю мактабҳо, китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион сахт вобаста аст. Ҳар касу ҳар манбае, ки ҳоло номбар кардем бояд масъулияти ин корро хуб дарк кунанд ва нагузоранд, ки он чӣ қудрату ширинии забонро коста мекунад дар таълими забон роҳ ёбад.

Ҳабибулло Раҷабов, профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупо